ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

7-уми майи соли 2025 дар натиҷаи таъхир ва лағви оммавии парвозҳо дар фурудгоҳҳои Федератсияи Россия ҳадди аққал 60 ҳазор мусофир зарар дидаанд.
***
Сохтмони роҳи оҳани зеризамини дар Фурудгоҳи байналмилалии Ал Мактуми Дубай пешбинӣ мегардад, ки илова ба пайванди роҳи оҳани зеризаминӣ, лоиҳа зиёда аз 400 баромад, панҷ хати фуруду парвоз ва панҷ терминали мусофирбарро дар бар мегирад.
***
Ширкати ҳавопаймоии Кореяи Ҷанубӣ “T'way Air” дар хатсайри Сеул-Тошканд-Сеул парвозҳои мунтазами мусофирбариро оғоз менамояд. Парвози аввалин 23 майи соли равон ба нақша гирифта шудааст. Қарор аст, парвозҳо дар як ҳафта чаҳор маротиба анҷом дода шаванд.
***
Ширкати ҳавопаймоии “Spirit Airlines” ва ширкати минтақавии “Contour Airlines” шарикии стратегиро эълон намуданд.
***
Дар пасманзари бесарусомонии бештар дар Фурудгоҳи байналмилалии Нюарк Либерти, директори генералии “United Airlines” аз маъмурияти федералии авиатсияи граждании ИМА даъват намуд, ки парвозҳоро дар фурудгоҳи мазкур маҳдуд намояд.
***
Ширкатҳои “Rolls-Royce” ва “Turkish Technic” ифтитоҳи маркази хизматрасонии техникиро дар фурудгоҳи Истанбул пешбинӣ менамоянд, ки ба муҳаррики навтарини ҳавопаймоҳои дар Британия Кабир истеҳсолгардида “Trent” хизматрасонӣ менамояд.
***
Ширкати “Avia Solutions Group” барои иҷрои корҳои мураккаби хизматрасонии техникии ҳавопаймои “Boeing 737 Max” иҷозати аврупоӣ гирифт.
***
Ширкати “Uzbekistan Airways” такмилдиҳии ҷиддӣ ҳавопаймои Boeing 767-ро ба итмом расонид. Ҳавопаймо пас аз нигоҳдории дарозмуддат аз омодагии васеи техникӣ гузашт ва ба зудӣ ба парвозҳо шурӯъ менамояд.
***
Ширкати “Hong Kong Air Cargo” ва “Turkish Cargo” Ёддошти тафоҳумро имзо намуданд, ки самтҳои асосии ҳамкорӣ, аз ҷумла созишномаҳои мубодилаи рамзҳо, амалиёти боркашонӣ ва васеъ намудани шабакаҳои парвозро дар бар мегирад.
***
Аз 30-юми июли соли 2025 ширкати “Emirates” парвози мустақими ҳаррӯзаро миёни Дубай ва Ҳанҷоу оғоз менамояд.
***
Ширкати “Air Canada” парвозро миёни Дублин ва Ванкувер барқарор намуд, ки шумораи парвозҳо дар мавсими тобистон дар як ҳафта то панҷ маротиба амалӣ мегарданд.
***
Аз 29-уми майи соли 2025 ширкати “Белавия” парвозҳои мустақимро аз Минск ба Мурманск амалӣ менамояд.
****
(Манбаъ: Aviation Explorer, Aviation Source News, Flight Global, Simple Flying, https://news.mail.ru/tag/306/, Uzbekistan Airways)