Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

СИМОБ ТАҲДИД БА БЕХАТАРӢ

СИМОБ ТАҲДИД БА БЕХАТАРӢ
450

Чоп кардан

Бехатарии парвозҳо — яке аз масъалаҳои муҳимтарин барои ҳама, аз ҷумла сарнишинон, роҳбаладон ва мусофирон мебошад. Барои таъмини бехатарии парвозҳо меъёрҳои мавҷуд мебошанд, ки риояи онҳо дар таъмини бехатарӣ нақши калидӣ мебозад.

Яке аз чунин қоидаҳо он аст, ки ҳангоми парвоз ба мусофирон иҷозат намедиҳанд, ки бо худ термометрҳои симобиро дошта бошанд. Онҳо метавонанд ба ҷои онҳо термометрҳои рақамиро истифода баранд, аммо дар парвозҳо термометрҳои симоб манъ аст.

Оё шумо медонед, ки агар мусофир дар ҳавопаймо термометри симобро гирад ва он шиканад, ин метавонад боиси суқути ҳавопаймо гардад? Симоб ягона метал ба ҳисоб меравад, ки дар ҳарорати хона ҳамчун моеъ боқӣ монда, ҳар гуна металро метавонад об кунад. Бинобар оне, ки аз 70 то 80 дарсади ҳавопаймо аз метали алюминий омода шудааст, симоб метавонад дар он сурохие пайдо намояд. Маҳз аз ҳамин сабаб ба мусофирон иҷозат дода намешавад, ки дар ҳавопаймо термометри симобӣ гирад.

Дар ҳоле, ки дар ҳавопаймоҳое, ки ба он симоб таъсир мерасонад, маъмулан карантин мешаванд.

Илова бар ин, буғи симоб барои инсон зарарнок мебошад. Миқдори камеи он агар бухор шавад, ин ба заҳролудшавӣ оварда мерасонад. Аввал ба узвҳои нафаскашӣ, асабҳо, ҳозима ва масуният осеб мерасонад.

Бо назардошти зарари ҷиддии симоб 10-уми октябри соли 2013 Конвенсияи Минамата – санаде қабул шуд, ки истифода, истеҳсол ва содироти маҳсулоти дорои симобро танзим менамояд.