Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
173

Чоп кардан

Ширкати ҳавопаймоии Венесуэла “Conviasa S.A.” гузариши пурраро ба системаи харидории чиптаҳои ҳавопаймоӣ “Леонардо”-и Федератсияи Россия дар моҳҳои апрел-майи соли 2025 анҷом медиҳад. Илова бар ин, дар пойгоҳи ширкати мазкур таъсиси марказ барои ҷорӣ намудани “Леонардо” дар кишварҳои Амрикои Лотинӣ пешбинӣ мегардад.

***

Олимони Маркази федералии пажӯҳишгоҳи Санкт-Петербург намунаи системаи навигатсионии автономии визуалиро барои ҳавопаймоҳои бесарнишин таҳия намуданд, ки системаи мазкур дар шароити мушкилии радиоӣ ё набудани навигатсияи моҳворавӣ (GPS) низ фаъолият менамояд.

***

Ширкати ҳавопаймоии Малайзияи “AirAsia X” роҳандозии парвозҳоро аз Куала-Лумпур ба Тошканд пешбинӣ менамояд.

***

Ширкати “Уралские авиалинии” барои харидории ҳавопаймоҳои нави ватанӣ “МС-21” дархост ирсол намуд.

***

Вазорати сайёҳии Исроил якҷо бо ширкати “Red Wings Airlines” роҳандозии парвозҳои мустақимро аз Масква ба Эйлат 12 июни соли 2025 пешбинӣ менамоянд.

***

Аз 25 апрели соли 2025 ширкати “Utair” парвозҳои ҳамарӯзаро аз фурудгоҳи Внуково ба Анталия оғоз намуд.

***

16 апрели соли 2025 ширкати “China Southern Airlines” дар Гуанчжоу Симпозиуми байналмилалии International Symposium on Aviation Operations Control&Intelligent Operations 2025 ва форуми 11th China Aviation New Technology Forum 2025-ро баргузор намуд. Чорабинӣ имкониятҳои глобалиро барои омӯхтани барномаҳои инноватсионии технологияҳои муосир пешниҳод намуд.

***

Бо мақсади таҳкими равобити сайёҳӣ байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Австралия 23 апрели соли ҷорӣ ширкатҳои “China Southern Airlines” ва “Destination NSW” дар Гуанчжоу маъракаи муштараки таблиғотиро баргузор намуданд.

***

17 апрели соли 2025 ҳайати ҷавонон аз Зеландияи Нав ба маркази таълимии ширкати “China Southern Airlines” ташриф оварда, бо фаъолияти марказ аз наздик шинос гардиданд.

***

Аз 28 апрели соли 2025 аз ҳамаи сайёҳони хориҷӣ талаб карда мешавад, ки шакли электронии “Card Digital Arrival Tailand” (TDAC)-ро 3 рӯз пеш аз ворид шудан ба Тайланд пур намоянд.

***

Ширкати “Cathay Pacific” бо оғози парвози нави мустақим байни Ҳонконг ва Фурудгоҳи байналмилалии Даллас/Форт Уорт 24 апрели соли 2025 шабакаи Амрикои Шимолии худро васеъ намуд.

***

Ширкати “United Airlines” ба стартапи ширкати “JetZero”, ки ҳавопаймоҳои сохтори омехтаи болҳо (BWB)-ро истеҳсол менамояд, сармоягузорӣ намуд. Тарҳи нави инноватсионӣ масрафи сӯзишвориро ба муқоиса бо ҳавопаймоҳои шабеҳ то 50% коҳиш менамояд. Сармоягузорӣ Созишнома оид ба харидории то 100 адад ҳавопайморо дар бар мегирад. 

***

24 апрели соли 2025 ширкати “Lufthansa Cargo” муосиртарин ҳавопаймои боркашонии “D-ALFL”-ро дастрас намуда, онро расман “¡Hola Argentina!” номид.

***

Дар натиҷаи бастани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Исломии Покистон барои ширкатҳои ҳавопаймоии Ҳинд аз 24 апрели соли равон, парвозҳои ширкати “Air India” ба Амрикои Шимолӣ, Британияи Кабир, Аврупо ва Ховари Миёна боиси истифодаи масирҳои алтернативии дарозмуддат ва гаронтар гардид.

***

Бо мақсади баланд бардоштани бехатарии парвозҳо ширкати миллии ҳавопаймоии Аморати Муттаҳидаи Араб “Etihad Airways” ба барномаи огоҳии турбулентӣ “Turbulence Aware”-и IATA ҳамроҳ шуд.

***

Дар доираи ҳамкории муштарак ва созишномаи мубодилаи рамзҳои ширкатҳои “Philippine Airlines” ва “Qatar Airways”, аз 16 июни соли 2025 ширкати “Philippine Airlines” парвозҳои мустақимро миёни Манила ва Доҳа оғоз менамояд.

***

Ширкати “Saudia Group” барои харидории 20 адад ҳавопаймои нави Airbus A330neo дархост ирсол намуд, ки 10 адад ҳавопаймо барои ширкати “flyadeal” пешбинӣ мегардад.

***

Дар доираи Созишномаи дигаргунсозӣ – EFW, ширкати боркашонии Ҳиндустон “Jet Freight Logistics” аввалин ширкати ҳавопаймои градид, ки дар парки худ ҳавопаймои тағйирдодашудаи Airbus A330-ро таҳвил менамояд.

***

Ҳавопаймои хурди полиси Таиланд дар наздикии соҳили Ча-Ам ба баҳр суқут намуд, ки дар натиҷаи он 5 нафар ҳалок ва як нафари дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошт.

***

(Манбаъ: AVIA.RU, Aviation Explorer, Aviation Source News, Flight Global, Simple Flying, China Southern Airlines, Uzbekistan Airways)