Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Муқовимат ба коррупсия

Муқовимат ба коррупсия
387

Чоп кардан

12 августи соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи КВД "Тоҷикаэронавигатсия" вохӯрии ҳайати кормандони корхона бо сарнозири раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назриён Васлибек Қурбон баргузор гардид.

Намояндаи Агентӣ дар маърӯзаи худ таҳти унвони “Муқовимат ба коррупсия ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” оиди таъхири мубориза бо коррупсия дар кишварамон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ин самт ба тасвибрасида, таҳаввули мубориза бо коррупсия ба муқовимат ба коррупсия маълумот дода, ҳозиринро бо ҳуҷҷати барномавии миёнамуҳлати амалкунанда – Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва таҳрири нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” ба таври муфассал ошно намуд.

Бояд қайд кард, ки вохӯрии мазкур дар чаҳорчӯбаи омӯзиши иловагии қонунгузории зиддикоррупсионӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа, ки аз Нақшаи чорабиниҳои таҳиянамудаи корхона роҷеъ ба амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бармеояд, ташкил шуда, тибқи мувофиқаи роҳбарони корхона ва Агентӣ ҳармоҳа то охири соли равон баргузор хоҳад гардид.