Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак!

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак!
381

Чоп кардан

Ҳамкорони гиромӣ!

Иҷозат фармоед Шуморо ба ифтихори санаи тақдирсози миллат, ки ба шарофати саъйу талошҳои Пешвои муаззам бар мардуми шарафманди Тоҷикистон насиб гардида, ба музаффариятҳои оламгир расонид – 25-солагии итмоми ҷанги хонумонсӯз ва истиқрори Ваҳдати миллӣ самимона табрику таҳният намоям.

Шаҳодати бечунучарои таърих аст, ки маҳз ҳамин Ваҳдату сулҳу суботи аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозиву пиёда гардид, шароит фароҳам орад, ки халқи кишварамон дар асоси ҳидоятҳои булуғпешаи Пешвои муаззамаш тавонад аз вартаи ҳама гуна мушкилот, алалхусус вартаи ҷанги хонумонсӯз, бундубастҳои мутлақи ҳамагиро ва ақибмондагии иҷтимоиву иқтисодиву фарҳангӣ бурун омада, бо аркону асосҳои  бунлодии башардўстона ҷомеаи шаҳрвандии инсонпарварона ва ҳуқуқбунёду демократиро сохта, ба аҳли башар аз хирадмандиву ватандӯстии Роҳбари муаззаму муқтадираш ва иқдомҳои тақдирсозаш пайваста муждагонӣ диҳад. Ин аст, ки имрӯз Тоҷикистони азиз бо сарварии Пешвои муаззамаш тарҳҳои нави пешрафту некӯаҳволиро матраҳ намуда, роҳ ба сӯйи фардои боз ҳам дурахшонтару гуворотарро гирифтааст ва мақсад дорад дар анқариб замон ба кишвари саноатии муқтадир табдил ёфта, нерӯи пешбарашро бори дигар таҷаллӣ диҳад ва дар сарзамини куҳанбунёди мардони майдон рукнҳои калидии давлату давлатдориро мустаҳкамтар ва ҷомеаи сулҳпарвару сулҳҷўяшро боз ҳам ободтару қавитар сохта, ба дунёи мутамаддин аз виқору мардонагӣ ва меҳнатқариниву ватанпарастиаш пайғоми навин диҳад.

Дар арафаи тантанаи ин иди муборак 25-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ бароятон пирўзиҳои азими шахсиву ҷамъиятӣ, бурду барори тоза ва созандагиҳои бемисл орзу намуда, дар муҳити хонаводагӣ муҳаббату садоқат, қадршиносиву саломатӣ ва шукуфоиву баракатро таманно дорам!

Ид муборак, ҳамкорони гиромӣ!

Бо эҳтирому орзуҳои нек

Директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия»

Л.Б.Бегиҷонзода