Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Бо маром ба сӯйи дастовардҳои нав

Бо маром ба сӯйи дастовардҳои нав
411

Чоп кардан

11.04.2022 дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» бо иштироки муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода А.А. оид ба ҷамъбасти фаъолияти истеҳсолию хоҷагӣ дар семоаи якуми соли ҷорӣ маҷлиси ҳисоботӣ барпо гардид.

Дар гузориши муфассали ёвари директори генералӣ А.Афсаҳзод дастовардҳои корхона дар давраи ҳисоботӣ матраҳ гардида, аз ҷумла, қайд карда шуд, ки ба зиёда аз 15 ҳазор киштиҳои ҳавопаймоии ҷумҳуриву хориҷа хизматҳои аэронавигатсионӣ пешкаш карда шуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки корхона манфиатовар буда, пардохтҳо ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазаму саривақтӣ мебошанд, сатҳу сифати хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ бинобар дастрасӣ ба таҷҳизоту низомҳои муосири пешрав тамоюли беҳбудиву рушдро доранд.

Муовини директори ААГ Набизода Азиз Абдусамад дар навбати худ ба натиҷаҳои семоҳа ва тамоми фаъолияти коллективи корхона баҳои баланд дода, таъкид дошт, ки КВД «Тоҷикаэронавигсия» сохтори устувортарин ва органикӣ рушдёбандаи авиатсияи граждании кишвар мебошад. Роҳбарияти Агентӣ ба роҳбарият ва коллективи корхона эътимоди қавӣ дошта, дар иқдомҳои худ ба он такя мекунад ва боварӣ дорад, ки дар маҷмӯъ корхона «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025»-ро зина ба зина ва босифату муваффақона амалӣ менамояд.