Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Соли Нав муборак!

Соли Нав муборак!
625

Чоп кардан

Ҳамватанони азиз, дӯстон, ҳамкасбон!
Бо камоли самимият Шуморо бо Соли Нав, соли интизориҳои нав ва умедҳои нав сидқан табрику таҳният менамоям! Таманно дорам, ки дар соли пешомад ҳама армонҳоятон ҷомаи амал пӯшида, умеду орзуҳоятон рӯҳнавозатон гарданду аз худу атрофиёни худ қаноатманду сарфароз бошед! Ва бигзор на танҳо дар соли меомада, балки тамоми умр азизони дил ва дӯстони содиқ ҳамнишину ҳамқадам ва ҳамрозатон бошанд! Умедворам дар Соли Нав пайваста дар маҷрои рӯйдодҳои ширину гуворо қарор дошта, танҳо дар домони эҳсосоти дилнишин бошеду аз ҳар лаҳза лаззат баред! Бошад, ки ин Соли Нав бароятон бо зебоиву фараҳбахшиаш фаромӯшнашаванда гардад!
Соли Нав муборак!
Бо эҳтиром,
Директори генералӣ  Л. Ашуров