Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Рӯзи Конститутсия муборак!

Рӯзи Конститутсия муборак!
559

Чоп кардан

Имрӯз, 5 октябри соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи КВД "Тоҷикаэронавигатсия" ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия баргузор гардид. Дар он роҳбарият, кормандони корхона ва меҳмони давъватшуда – Муҳаммад Вализода, мудири шуъбаи ташкилот ва таблиғоти ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Зимни маърӯзаи сардори шуъбаи шартномавӣ-ҳуқуқии корхона Изатуллоев Ш.М. ба ҳозирин дар хусуси конститутсияҳои қаблӣ, таърихи таҳияи конститутсияи амалкунанда ва муқаррароти алоҳидаи он маълумоти муфассал дода шуд. Мудири шуъбаи ташкилот ва таблиғоти ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муҳаммад Вализода дар сухани худ конститутсияро бо осори таърихӣ ва китобҳои муқаддас қиёс намуда, хулосабарориҳои арзишмандро ба миён овард.
Дар интиҳо маърӯзачиён ҳозиринро бо Рӯзи Конститутсия табрик намуда, барояшон бахту иқбол ва комёбиҳои нав ба нав таманно карданд.