Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Пешрафти назарраси КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

Пешрафти назарраси КВД “Тоҷикаэронавигатсия”
519

Чоп кардан

12.10.2021 дар  КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо иштироки роҳбарият ва коллективи меҳнатии корхона натиҷагирӣ аз фаъолият дар нӯҳмоҳаи соли равон баргузор гардид. Дар ҷаласа оид ба дараҷаи иҷроиши нақшаву барномаҳои корхона дар фосилаи ҳисоботӣ директори генералии КВД “ТАН” Л.Б. Ашуров ҳисобот дода, махсус таъкид кард, ки фаъолияти сохторҳои корхона, нисбат ба соли гузашта, хеле пеш рафта, бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст гардиданд.
Бино ба гуфтаҳои Директори генералӣ корхона қариб дар ҳама самтҳо ба нишондодҳои хуб ноил гардида, дар маҷмуъ аз иҷрои вазифаҳои худ бо сарбаландӣ баромад ва дар қатори беҳтарин корхонаҳои фоидаовари ҷумҳурӣ мақоми арзандаи худро тақвият дод.
Ҳамчунин Ашуров Л.Б. аз фаъолияти корхона дар самти мусоидат ва кӯмак ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, ки дар фосилаи ҳисоботӣ ба маротиб афзоиш ёфтааст, ёдрас гардид.
Дар маҷмӯъ фаъолияти хоҷагию истеҳсолии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар нӯҳмоҳаи соли 2021 қаноатбахш дониста шуд.