Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

МУСОИДАТИ НИЗОМИ D-ATIS ДАР ТАҲКИМИ ХИЗМАТРАСОНИИ АЭРОНАВИГАТСИОНӢ

МУСОИДАТИ НИЗОМИ D-ATIS ДАР ТАҲКИМИ ХИЗМАТРАСОНИИ АЭРОНАВИГАТСИОНӢ
387

Чоп кардан

КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, ки таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ ба ширкатҳои ҳавопаймоҳои ватанӣ ва хориҷӣ чораҳои муассир меандешад.

Ҳамзамон, дар робита ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ бо ибтикори директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода ҳамкориҳои самарабахш миёни корхона ва истеҳсолкунандагон ва таҳвилгарони таҷҳизоти замонавии аэронавигатсионӣ ба роҳ монда шудааст.

Яке аз онҳо ин низоми D-ATIS (Digital Automatic Terminal Information Service) мебошад, ки интиқоли автоматии иттилоотро оид ба шароити кунунии обу ҳаво дар фурудгоҳ, самт ва суръати шамол, ҳарорат ва ҳолати биниш дар минтақаи фурудгоҳро, тибқи меъёрҳои авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байналмилалӣ таъмин менамояд. Имрӯзҳо КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар 4 фурудгоҳи байналмилалии кишвар тавассути ҷори намудани низоми мазкур, маълумотҳои дақиқро оид ба ҳолати фурудгоҳ барои фуруд ё парвоз пешниҳод менамояд.

Таъкид ба ёдоварист, ки истифодаи низоми D-ATIS имкон медиҳад, ки ҳаҷми кории танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ коҳиш ёфта, сатҳу сифати хизматрасонии аэронавигатсиониро баланд мебардорад.

Илова ба модернизиатсия ва таҷдиди система ва таҷҳизоти таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионӣ такмили дониш ва малакаи кормандон дар дохил ва хориҷи кишвар низ роҳандозӣ мегардад, ки ин боз ҳам барои устувор гардидани хизматрасонии аэронавигатсионӣ такони ҷиддӣ мебахшад. 

   

                                                                                 Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”