Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

МАРОСИМИ ИМЗОИ CОЗИШНОМА ОИД БА БЕКОР КАРДАНИ ТАЛАБОТИ РАВОДИД МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА МАЛДИВ

МАРОСИМИ ИМЗОИ CОЗИШНОМА ОИД БА БЕКОР КАРДАНИ ТАЛАБОТИ РАВОДИД МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА МАЛДИВ
331

Чоп кардан

26 ноябри соли 2024 дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Малдив оид ба мутақобилан бекор кардани талаботи раводид доир гардид, хабар медиҳад КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Санади мазкурро намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат ва намояндаи доимии Малдив дар ин Созмон Али Насир Муҳаммад ба имзо расониданд.

Дар асоси Созишномаи баимзорасида шаҳрвандони ҳар яке аз тарафҳои ин Созишнома аз талаботи раводид ҳангоми ворид, хориҷ ва убур ва муваққатан бубудош кардан дар ҳудуди яке аз тарафҳо ба муддати сӣ (30) рӯз озод мебошанд.

Ин созишнома ба муҳлати номуайн баста шуда, пас аз сӣ (30) рӯз аз лаҳзаи гирифтани огоҳиномаи охирини хаттӣ, тариқи роҳҳои дипломатӣ, аз ҷониби тарафҳо оид ба анҷом расонидани расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои эътибор пайдо кардани ин Созишнома зарур аст, эътибор пайдо мекунад.