Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ПАРЧАМ- МУАРРИФИИ ДАВЛАТ!

ПАРЧАМ- МУАРРИФИИ ДАВЛАТ!
445

Чоп кардан

Парчами давлатӣ ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруд аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад, ки дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

Парчами давлатӣ 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи шонздаҳуми сарнавиштсози Шӯрои Олии Тоҷикистон қабул гардида, ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ моро ба сӯйи созандагию бунёдкорӣ ва саодату хушбахтӣ раҳнамун месозад. Баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва комилҳуқуқ дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардид, ки барои ин албатта рамзҳои давлатӣ ва дигар унсурҳои давлатдорӣ муҳим буд. Аввалин аломате, ки барои муаррифии давлат дар ҷаҳон шинохта мешавад, пас аз ҳудуди маъмурӣ ин парчам мебошад.

Агар имрӯз мо ба таърихи парчам назар афканем, бешак ба мо маълум мегардад, ки он нишон аз замонҳои гузаштаи дури  давлатдорию парчамдории миллати тоҷик сарчашма гирифтааст. Яъне тоҷикон аз замонҳои қадим мардуми давлатдор ва бофарҳангу соҳибтамаддун будаанду парчамро нахуст  ҳамчун нишони иттиҳоду ваҳдат ва рамзи мустақилияти хеш истифода менамуданд.

 Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ «Парчам» вожаи суғдӣ буда маънии «зулфу кокул» ва инчунин мардум онро «пӯпаки абрешимӣ  низ мегуфтанд, ки бар сари дирафш ё найза онро мебастанд».  Баъдан он бо гузашти давру замон аз забони суғдӣ ба забони форсӣ роҳ ёфтааст, ки  бар худ номи  “дирафш”-ро гирифтааст.

Ҳамзамон метавон ёдовар шуд, ки вожаи «Дирафш» зери чанд мафҳуми луғавӣ низ маънидод шудааст:

 а) байрақ, ливо парчам : (дирафши ковиёнӣ, дирафши сурх).

 б) дирафш-дурахш, дурахшидан, тобандагӣ.

Куҳантарин ишора дар бораи корбурди дирафш дар ҷомеаи ориёҳо дар китоби “Авесто” омадааст, ки дирафшҳои ёдшударо монанд ба «Дирафши Ковиёнӣ» медонанд. «Дирафши Ковиёнӣ» куҳантарин намуди кишвардории тоҷикон будааст, ки онро ҷойи дигар «Ахтари Ковиёнӣ» низ мегуфтанд.

Бо тақозои талаботи замон ва гузашти вақт парчамҳои Тоҷикистон давра ба давра иваз шудан гирифтанд, ки имрӯз аллакай он дар шакли зерин истифода мешавад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, матоъи росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи мувофиқ ба уфуқӣ ҷой гирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх,  паҳноии он ба рахи сабзи поён баробар аст, рахи сафеди мобайн якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга мебошад.    

 Мувофиқ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", дар боби 2, Моддаи 5.   Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби афрохтани он  аз ҷумла чунин омадааст: Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зайл ба таври доимӣ афрохта мешавад:

Дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ.

 Зикр намудан ба маврид аст, ки  бо ташаббуси роҳбари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ яке аз баландтарин парчам дар ҷаҳон бо дарозии (165 метр) дар пойтахти кишварамон шаҳри  Душанбе қомат афрӯхт.

Боиси ифтихор аз ҳуввияти баланди миллӣ доштани роҳбарияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” мебошад, ки имрӯзҳо вобаста ба таҷлилу ташкили чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ дар корхона ҷаласаҳои тантанавӣ ва вохӯриҳои судманд бо доираи васеи кормандону мутахассисони соҳа ва олимону донишмандон гузаронида мешавад. Зимни ҳар як нишаст ташвиқи муқаддасоти миллӣ дар мадди назари аввали суҳбатҳо қарор дода шуда, ҳамзамон даромадгоҳ ва атрофи муассиса бо шиору овезаҳои таҷассумкунандаи идона ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оро дода мешавад.

Имрӯз парчами давлатӣ на танҳо  муаррификунандаи рамз, балки ҳастии тоҷикистониён дар ҷаҳони мутамаддин гаштааст. Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он нишонаи хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллии ҳар як шахси ин сарзамин мебошад. Мо дар назди Ватан барои қадру гиромидошти парчаму дигар рамзҳои муқаддаси давлатӣ,  вазифадорем  онҳоро ҳифз кунем, пос дорем ва ба наслҳои оянда, ки пойдории давлату оромии ҷомеа аз онҳо сарчашма мегирад  таблиғ намоем.

Сармутахассиси Маркази матбуот         Боязитов Ф.А