Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Наврӯзи оламафрӯз муборак!

Наврӯзи оламафрӯз муборак!
631

Чоп кардан

ҲАМКОРОНИ МУҲТАРАМ!


Бо камоли эҳтирому ихлосу сипос иҷозат фармоед Шумо ва аҳли хонадонатонро бо муҳимтарину бузургтарину қадимтарин иди миллати шарафмандамон, ки ба шарофати пайгирии доманадори Пешвои муаззам оламӣ гардид - Наврӯзи оламафрӯз бо сидқу самимият муборакбод намоям!

Наврӯзи пешин ба шарофати ҳидояту раҳнамоиҳои Президенти кишвар миллати шарафманду меҳнатқарини Тоҷикистони азизро ба фатҳи қуллаи нав-саноатикунонии кишвар раҳнамун сохта, камари ҳиммату ҷасоратро маҳкам кард ва ба ин минвол тавассути ҷилои тозаи  соҳибхирадиву зебошиносии азалӣ, баҳри бозтоби нав ва истиқболи арзандаи баҳори озодии 30-солагии Истиқлол, ки инак пеш омад, бо  бунёду ободкории бесобиқаи марзу буми меҳан бо гулистону  иншооти дархӯрди ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, бар гулгулшукуфоии халқу ватани азиз асоси мустаҳкам гузошт. Бо бовариву итминони комил миллати шӯҳратёри тоҷик  бо Пешвои муаззаму халқпарвараш ба сӯи ояндаи нектару ободтар ва ҳилмпарвару масрургар раҳсипор гардида, дар ин дурнамои наздик аз ин ҳадафи стратегии пешгирифтаи  давлату ҳукумат баҳрабардорӣ хоҳад кард ва бори дигар аҳли башарро аз дастоварди худ ба ҳайрат меоварад.

Бошад, ки Наврӯзи 30-умин баҳори Истиқлолияту озодӣ  соли бароятон соли ҳуввияти роҳандозии нақшаҳои бузург, татбиқи пурбаракати барномаҳои ҷавҳарӣ,  соли комёбиҳои намоёни тоза, шӯҳрату эътибор аз иқдомоти зебои меҳандориву меҳанпарастӣ, соли иртифоъи бунёдкорӣ, ва пеш аз ҳама - сулҳу салоҳ, амну осоиш ва саъодати  пурнишоти ояндасоз, бахту баракат ва футуҳоту саховатҳо дар тамоми ҷодаҳо бошаду салобату шукӯҳмандӣ бифизояд ва дар муҳити хонаводагӣ иззату эҳтиром ва муҳаббати саршорро ҳокими мутлақ созад ва ба умедҳои дил бирасонад!

 

НАВРӮЗАТОН ФИРӮЗУ ҲАР РӮЗАТОН НАВРӮЗ БОД!


 Бо иззату таманниёти бардавом,

 Директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия»                                        Л.Б.Ашуров