Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Иди модар муборак!

Иди модар муборак!
684

Чоп кардан

БОНУВОНИ ГИРОМИВУ МУҲТАРАМ!

Бо камоли эҳтирому самимият  иҷозат фармоед Шуморо  ба муносибати фарорасии иди фархундаи баҳору зиндагӣ, тавлиду нусрати зебоӣ – Иди модар – аз самими дил табрику таҳният намуда, бароятон дар ҳама ҷодаҳои ҳаёт бурдбориву баракат, шукуфоии тамоми умеду орзуҳо, каромату марҳамати Эзидӣ ва оромишу улфияти хонаводагиро таманно намоям!

Туфайли Шумо барин занҳои наҷибу кордон ва заҳматталабу мушфиқу меҳрубон  зиндагӣ ҷилойи зебову нуронӣ ва рангу тобиши наҷиб ба бар карда, шукуфову  биҳиштосо мегардад!

Бароятон дар ин тозабаҳори меҳан ва иди шарафманд обурӯмандӣ, комгорӣ аз ҳуввияти истиқлол, қаноатмандӣ дар пешаи кор, вусъату баракату саодат хоста, бо байтҳои шоир хулоса мекунам:


Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан!

Сутуни гунбади миноӣ, эй зан!

На танҳо қалъаи дилҳоӣ, эй зан,

Ки ҳатто қалъаи дунёӣ, эй зан!

<!--[if !supportLineBreakNewLine]-->БО КАМОЛИ ЭҲТИРОМ,

Директори генералии КВД

“Тоҷикаэронавигатсия “                             Л.Б.Ашуров