Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” БЕГИҶОНЗОДА ЛОИҚ БЕГИҶОН БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” БЕГИҶОНЗОДА ЛОИҚ БЕГИҶОН БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
269

Чоп кардан

Ҳамкасбони гиромӣ!

Имрӯз мо санаи муҳими сиёсӣ ва ифтихори давлатӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем. Дар воқеъ гиромӣ доштан ва дар мақоми баланди худшиносию худогоҳии миллӣ таҷлил намудани ин рӯз аз хидматҳои мондагору ҷовидонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати навини тоҷикон асос мегирад.

Таҷрибаҳои гузашта аз ҳайёт моро бори дигар ҳушдор месозад, ки дар шароити имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон нақши роҳбари сиёсӣ барои ҳар як миллат ва кишварҳо бағоят муҳим аст.

Солҳои 90-уми асри гузашта абармарди сиёсат фарзанди ғамхори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат расид, ки таҳдид ва хатарҳои нестшавии миллат мардуми тоҷикро фаро гирифта буд. Новобаста аз авзои сиёсии минтақа ва ҷаҳон роҳбари тозаинтихобшуда бо азму талоши хосса ва кӯмаку дастгирии тамоми халқи тоҷик дар хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор сохтани сулҳу субот ва бунёди давлати рушдкунанда тавонист саҳми арзандаи худро гузорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти барҷастаи миллат дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир ва бузургу тақдирсоз доранд.

Имрӯзҳо коршиносон ва муҳаққиқони ватанӣ, сиёсатмадорони сатҳи байналмилалӣ дар бораи рушду пешравӣ ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ таҳлилҳои амиқ ва ҳамаҷониба гузаронида, баҳои баланд додаанд.

Ҳамкасбони гиромӣ бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи шуморо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, бароятон саодати неки рӯзгор ва дар касбу амали некатон муваффақиятҳои беназирро орзу менамоям.

Таманнои онро мекунам, ки дар зери сиёсати одилона, инсонпарварона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наслҳои оянда низ дар руҳияи ватандӯстию созандагӣ ба камол расанд!