Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

НАТИҶАҲОИ БАЛАНПОЯИ СОЛ

НАТИҶАҲОИ БАЛАНПОЯИ СОЛ
1 083

Чоп кардан

Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» санаи 06.01.2020 маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти корхона дар соли 2019 баргузор гардид.

Дар баромади худ директори генералии корхона Ашуров Л.Б. ба самтҳои асосии фаъолиятва комёбиҳои он дар давраи ҳисоботӣ ишора намуда, сабабҳои кам шудани шумораи парвозҳои ҳавопаймоҳо дар хатсайрҳои транзитии ҷумҳурӣ ва тадбирҳои дар ин раванд кам кардани онҳоро махсус қайд кард.

Ашуров Л.Б. инчунин таъкид намуд, ки бо вуҷуди кам шудани парвозҳои транзитӣ, корхона тавонист ба 46 110 ҳавопаймо хидмат расонад ва ӯҳдадориҳои худро дар назди буҷаи ҷумҳурӣ  бо афзоиш нишондодҳо ба 7,9% иҷро созад ва чун «Андозсупори бетарини сол»аз тарафи Кумитаи андози ҷумҳурӣ эътироф гардад.

Дар гузориши Директори генералӣ муҷаҳҳаз кардани корхона бо технологияҳои пешрафта, дастгирӣ ва пешбарии мутахассисони ояндадор, ташкил ва баргузории курсҳои таълими давомдор ва такмили ихтисос дода шуд.

Набизода А.А. натиҷаҳои солро ситоиш намуда, ба кормандони КВД "Тоҷикаэронавигация" барои ташкили бо муваффақият ва босифати корҳое, ки ба зиммааш вогузор гардида ва таъмини бехатарии парвозҳо дар фазои ҳавоии кишвар изҳори сипос кард. Набизода инчунин нақш ва мавқеи пешбари Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия”-ро дар системаи авиатсияи граждании ҷумҳурӣ, ки дар  ҳамаи соҳаҳо -даромад, пешниҳоди хизматрасонӣ, модернизатсияи таҷҳизот, ташкили шароити мусоиди корӣ ва истироҳатии кормандон ва иҷрои фармоишҳои давлатӣ махсус таъкидкард.