Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Сарфарозии нави “Тоҷикаэронавигатсия”

Сарфарозии нави  “Тоҷикаэронавигатсия”
1 033

Чоп кардан

КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бори дувум аст, ки аз ҷониби ҳайати Мушовараи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “барои иҷрои софдилонаи қонунгузории андоз, саҳми арзанда дар рушди иқтисодиёт ва буҷети давлатӣ “Андозсупорандаи беҳтарини сол” интихоб мешавад. Бори нахуст ин мукофотро корхона барои натиҷагирӣ аз соли 2017 сарфароз гардида буд.

Мукофотро дар чаласаи васеъи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода такдим намуда, роҳбарият ва коллективи корхонаро бо ин муваффақияти навбатии назаррас табрик кард ва дар роҳи пешрафти минбаъдаи корхона бурдбориҳо хост.