Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии “Тоҷикаэронавигатсия”

Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии  Ташкилоти ибтидоии “Тоҷикаэронавигатсия”
1 026

Чоп кардан

          28.10.2019с маҷлиси  ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии  КВД “Тоҷикаэронавигатсия” баргузор гардид, ки дар он меҳмонон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад– Раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар  ноҳияи Шоҳмансур ва сарпарасти корхонаамон Вализода Муҳаммад аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н.Шоҳмансур  иштирок намуданд.

Тибқи рӯзномаи маҷлис  ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии    дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд. 

          Дар баромад зикр гардид, ки соли 2019 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ дар кишвар “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шуд.

          Вобаста ба ҳифзи солимии миллат ва генофонди миллӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Тоҷикаэронавигатсия” ва ба истиқболи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар байни занону ҷавондухтарон  вохӯриҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ  баргузор гардид.

Ҳамзамон  дар дастуру ҳидоятҳои Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур   дар байни занону ҷавондухтарон ҷиҳати тарғиб намудани фарҳанги миллӣ, пешгирии ҷавонон ва донишҷуёне, ки ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд мулоқоти судманд доир мегардад.

Қарори Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи маърифати шаҳрнишинӣ” ва тарғибу ташвиқи пешгирии фарҳанги бегона байни  кормандон мулоқоту вохӯриҳо ташкил ва баргузор гардид.

         Дар давраи ҳисоботӣ такшилоти ибтидоии мазкур бахшида ба Рӯзи ҷавонон, Рӯзи  Рӯдакӣ ва Забони давлатӣ дар байни аъзоёни ҳизб якчанд мулоқоту вохӯрӣ доир намуд.

Оид ба масъалаи дуюми рӯзнома  Вализода Муҳаммад баромад карда, моҳияти маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботиро фаҳмонид. Аъзоёни ҳизб раёсати ташкилоти ибтидоиро иборат аз 15 нафар интихоб ва номзадии Ашуров Лоиқро ба раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Исрофилзода Некрӯзро ба муовини раиси ташкилот пешниҳод ва ҷонибдорӣ намуданд.

         Тибқи барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур меъёри намояндаги аз 55- нафар аъзои ҳизб  1-нафар вакил муқаррар шудааст. Шумораи аъзоёни ташкилоти мо 370 нафар мебошад, яъне аз ташкилоти мо 7 нафар вакил ба конференсияи 29-ҳисоботии интихоботии  ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур интихоб мегардад. 

Пешниҳод шудандба вакили:

1.Ашуров Лоиқ Бегиҷонович

2.Назриев Ҷумахон Отахонович

3.Мухамадаминшоев Фируз

4.Некруз Исрофилзода

5.Саидов Раҳимҷон Қурбонович

6.Афсахзод Аббоси Аълохон

7.Зикаева Сарвиноз Зайдуллоевна