Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

КОМЁБӢ ҲАМЕША БО МОСТ!

КОМЁБӢ ҲАМЕША БО МОСТ!
960

Чоп кардан

КВД «Тоҷикаэронавигатсия» 08.10.2019 ҷаласаи ҳисоботии худро аз натиҷаҳои нӯҳмоҳаи соли равон гузаронид. Дар ҷаласа директори Агентии авиатсия граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода иштирок намуд.

ДГ КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Л.Б. Ашуров дарбаромади худ роҷеъ ба корҳои калидии анҷомдода дар нӯҳмоҳаи сипаришуда,муваффақияту комёбӣ ва нақшаҳои қарибулвуқуъ муфассал маърӯза кард. Дар баромад ҳамчун омили асосии камшавии парвозҳои транзитӣ тавассути хатсайрҳои тоҷикистонӣ ва тадбирҳои андешидашаванда махсус таъкид шуд.

Директори генералии корхона Ашуров Л.Б.ҳамчунин таъкид намуд, ки бо вуҷуди камшавии парвозҳои транзитӣ корхона тавонист дар ин фосила ба 33 113 адад киштиҳои ҳавопаймоӣ хизматҳо пешкаш намояд ваӯҳдадориҳои худро дар назди бюджети давлатӣ бо сарбаландӣ бо нишондоди 3,7% зиёдтар аз соли собиқа иҷро намояд.

Дар баромади Директори генералӣ дастрасӣ ба таҷҳизотҳои муосири пешрафта, тарбияву дастгирии кадрҳои лаёқатманд, ташкилу маблағгузориҳои таълиму тадриси касбӣ ва бозомӯзии ҳирфавӣ мавқеъи махсус дошт.

Директори ААГ НҲҶТ Субҳонзода И. зимни баромадихуд махсус таъкид намуд, ки КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар системаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона сохторе аст, ки дар ҳама самтҳо – даромад, пешкаши хизматҳо, модернизатсияи таҷҳизоту васоит, ташкили шароити хуби кору истироҳат, иҷроиши амру супоришҳои давлату ҳукумат пешсаф буда, сабақ бароидигарон аст. Хароҷоту пардохтҳои давлатӣ, зина ба зина навсозии таҷҳизот, ташкили гуфтушунидҳо ҷиҳати ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва дарин росто ташкил ва ба истифода супоридани хатсайру долонҳои нави ҳавоӣ, ташкили КТИ барои мутахассисон, дастгирӣ аз қишри ниёзманди кишвар боиси таҳсину пайравӣ мебошад.