Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТ БА НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТ БА НОҲИЯИ РӮДАКӢ
241

Чоп кардан

26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ба ноҳияи Рудакӣ ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст корхонаи қаннодии «Шоҳасар»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи қаннодии «Шоҳасар» аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Муҳаммад Насриддинов дар масоҳати 2,42 гектар сохта шудааст.

Баъди ба истифода додани корхона, ки дар доираи татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Саноатикунонии босуръати кишвар бунёд ёфтааст, дар маҷмӯъ 85 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд. Дар 7 хатти истеҳсолии корхонаи «Шоҳасар» 7 намуд маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол карда мешавад, ки ҳар яки онҳо бо шаклу намуд аз ҳамдигар фарқ дошта, дорои дизайни зебо ва диққатҷалбкунанда мебошад. Бояд таъкид дошт, ки ҳамаи маҳсулоти корхона воридотивазкунанда аст.

Корхонаи «Шоҳасар» дар маҷмӯъ аз 5 бино – 2 сехи истеҳсолӣ, анбори ашёи хом, захираи маҳсулот ва маъмурият иборат мебошад.

Корхона ҳамчунин дорои озмоишгоҳ бо таҷҳизоти пешрафтаи ҷаҳон ва ошхона бо сад ҷойи нишаст мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ дар ин корхона ва насби таҷҳизоти пешрафта, ки боиси баланд гардидани сифати маҳсулот мебошад, баҳои баланд доданд.

Дар ҳаминҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхона, дидан намуданд.

Ҳамчунин соҳибкори ватаниро ба тақвияти фаъолияти корхона ва саҳм гузоштан дар рушди санати сабук, ки яке аз соҳаҳои

афзалиятнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ҳидоят намуданд.

Тавассути бунёди коргоҳу корхонаҳои нав на танҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ бештар мегардад, балки сокинони кишвар бо ҷойи кор таъмин шуда, сатҳи некуаҳволии мардум боз ҳам беҳтар мешавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Варзишгоҳи марказии ноҳияи Рӯдакӣ, ки пурра таъмиру навсозӣ шудааст, боздид карданд. 

Варзишгоҳи марказӣ бо 8 ҳазор ҷойи нишаст бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, аз ҳисоби Фонди рушди ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи 4,3 миллион сомонӣ навсозӣ карда шуд. Масоҳати иншоот 1,7 гектарро ташкил дода, корҳои барқарорсозӣ ибтидои соли равон оғоз гардида буд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз варзишгоҳ ва суҳбат бо масъулону варзишгарони ноҳия дастур доданд, ки миёни аҳолӣ, бахусус ҷавонону наврасон тарзи ҳаёти солим бештар тарғиб ва тарбияи варзишгарони касбӣ васеъ ба роҳ монда шавад.

Дар ин варзишгоҳ, ки солҳои 80-уми асри гузашта бунёд шуда буд, баъд аз навсозӣ барои ду дастаи варзишӣ, мураббиҳо ва доварон 10 ҳуҷраи корӣ сохта шудааст. Навсозии майдони калон ва майдончаи футбол, насби 4 манораи равшанидиҳанда, гузоштани 8 ҳазор нишастгоҳи замонавӣ, сохтмони минбар, насби монитор барои пахши ҷараёни мусобиқаҳо дар майдони асосӣ, бунёди чаман барои баргузор кардани бозиҳои футбол ва дигар мусобиқаҳо, иваз кардани болопӯши бино, панҷарабандиву бунёди 3 даромадгоҳ ва мумфаршкунии атрофи иншоот аз зумраи корҳое буд, ки дар доираи навсозии Варзишгоҳи марказӣ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, ҳаммом, нуқтаи тиббӣ, дафтари кории маъмурият ва ҳуҷраҳои техникии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аз имкониятҳои дигари нав дар варзишгоҳ мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди варзишгоҳ ҳамчунин Мактаби варзишии захираҳои олимпӣ ва Муассисаи давлатии Мактаби варзишии ноҳияи Рӯдакӣ амал мекунанд. Шумораи умумии варзишгарон дар мактабҳои варзишӣ 892 нафарро ташкил медиҳад.

Дар сатҳи ноҳия омӯзиши 11 намуди варзиш, аз ҷумла футбол, волейбол, тенниси рӯйи миз, гӯштинҳои тарзи “Озод”, “Самбо”, “Юнону Румӣ”, “Ҷудо”, варзиши сабук, шашка ва шоҳмот, дастхобонӣ, муштзанӣ, кикбоксинг ва панкратион фаъолият намуда, 27 мураббӣ ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон машғуланд.

Фаъол сохтани 90 толори варзишӣ низ самараи татбиқи сиёсати созандаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Теъдоди дастаҳои футбол дар ноҳия ба 8 адад расида, шумораи футболбозон дар мактабҳои варзишӣ 128 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод 14 нафар футболбоздухтарон мебошанд.

Зимнан гуфта шуд, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ 3 тими маъруфи футбол фаъолияти босамар доранд, аз ҷумла “Куктош” дар лигаи олӣ, “Рангон” дар лигаи дуюм ва тими футболи занона бо номи “Ситора”.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, варзишгаронро муаррифгари давлату миллат номиданд ва таъкид доштанд, ки рӯ овардан ба варзиш, қабл аз ҳама, нишонаи солимии инфиродӣ буда, шахсе, ки ба варзиш машғул мешавад, аз ҳама гуна амалу кирдорҳои ношоиста дур мешавад.

 

26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар деҳаи Мадади деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ 2 бинои нави иловагии таълимиро ифтитоҳ намуданд.

Биноҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми сокинону соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда аз 2-ошёна иборат мебошад ва барои 650 нафар хонанда дар ду баст, пешбинӣ шудааст.

Иншооти мазкур аз 13 ҳуҷра барои таълиму тарбия, 2 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон ва толор барои машғулиятҳо иборат буда, тамоми синфхонаҳо бо аёниятҳои донишандӯзӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави иловагии таълимӣ шумораи умумии кормандон дар муассисаи мазкур ба 85 нафар расонида шуд.

Ҳангоми шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар бинои навтаъсиси таълимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин муассисаҳоро дар сатҳи деҳот намунаи хуби дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар маънидод карданд.

Ҳама синфхонаҳои муассиса дар фасли сармо тариқи низоми гармидиҳии мустақил гарм нигоҳ дошта мешавад.

Дар шафати бинои иловагии навтаъсиси таълимӣ майдончаи тобистонаи варзишӣ пас аз навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Майдончаи варзишии мазкур барои бозии футбол, волейбол ва дигар намудҳои варзиш пешбинӣ шуда, заминаи хубест барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагон ба бозиҳои гуногуни варзишӣ.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 бинои нави иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №73 дар деҳаи Охтоқи деҳоти Қиблаӣ ва бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №83 дар деҳаи Мавҷи шаҳраки М.Турсунзодаро ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Зимни муаррифии бинои нави иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №73 ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки он 2-ошёна буда, сохтмонаш соли 2024 шуруъ гардида буд ва ҳоло бо сифати баланд ва шароити замонавӣ омода шудааст.

Дар идомаи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Рахмон ба ноҳияи Рӯдакӣ бинои зебои Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 9-и назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 дар шаҳраки Сомониён мавриди истифода карор дода шуд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти тозабунёд соли 2023 оғоз гардида, сокинони маҳаллӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонии босифати ватанӣ дар муддати як сол онро бо сифати баланд бунёд намуданд.

Бинои Муассисаи томактабии №9 бо тарҳи зебову замонавӣ бунёд шуда, аз 4 ҳуҷраи корӣ, толори бозии кӯдакона ва ошхона иборат буда, барои 160 кӯдак пешбинӣ гардидааст.

Ин иншооти таълими томактабӣ дорои майдончаи бозии кӯдакона ва суҳбаткадаҳо мебошад, ки ҷолибу назаррабо сохта шудаанд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи мазкур 6 мураббия ва 6 корманди техникӣ дар маҷмуъ 12 нафар бо кори доимӣ фаро гирифта шуданд.

Пешвои миллат зимни суҳбат бо масъулин ва мураббиён онҳоро ба ватандӯсту худшинос тарбия намудани насли наврас ва истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида, дар ин муассисаи навбунёд ҳидоят намуданд.

Ҳамчунин дар ин рӯз бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Рахмон ҳамчунин муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар деҳаи Охтоқи

деҳоти Қиблаӣ ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар ин муассисаи томактабӣ низ шароити мусоид барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакон мавҷуд аст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шароити зарурӣ муҳайё менамояд.

Чун маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар авлавият қарор дорад, сол то сол маблағгузорӣ ба ин соҳа бештар карда мешавад.
 

26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳаёти нави деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-ро ба истифода супориданд.

Корҳои сохтмонии бинои иловагӣ соли 2023 оғоз гардида, барои сохтмону таҷҳизонидани он бештар аз 4 миллиону 200 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.

Дар асоси лоиҳа бинои иловагӣ барои 650 нафар дар 2 баст пешбинӣ гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо шароити таълимии синфхонаҳо шинос шуда, омӯзгоронро ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ҳидоят намуданд.

Бинои иловагии дуошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами-20 дорои 13 синфхона ва 2 ҳуҷраи корӣ мебошад.

Бо фаъол гардидани бинои иловагии мактаб, дар маҷмуъ 28 омӯзгор фаъолияти пурсамар менамоянд.

Бино бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бунёд гардидааст.

Бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 дар деҳаи Ҳаёти нави деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ бо имконоти муосири таълимӣ муҳайё шуда, донишу илмомӯзии хонандагонро боз ҳам таҳким мебахшад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар шумораи мактабҳои шакли нав афзоиш ёфтанд ва ин имкон медиҳад, ки шароити таълиму тадрис беҳтар гардад.

Омӯзгорону хонандагон дар навбати худ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамаҷониба ва ғамхориҳои падарона изҳори сипосу қадрдонӣ карданд.

Баъди ифтитоҳи бинои иловагии мактаб дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шакли фосилавӣ боз як муассисаи тозабунёд – «Мактаби санъати бачагона»-и ба номи Мухтор Ашрафии ноҳияи Рӯдакиро низ ифтитоҳ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ва фаъолияти самараноки муассисаҳои нави соҳаи маориф, аз ҷумла дастовардҳои соҳавиро натиҷаи таваҷҷуҳи пайваста ба рушди ин соҳа ва беҳдошти сатҳи таълиму тарбияву ҷалби фарзандон ба таҳсил арзёбӣ намуданд.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ-и «Сарҷамъ» оғози расмӣ бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи нави саноатӣ бо ҳадафи таъмини талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Маҳмадюсуф Ятимов бунёд шуда, дар он 25 сокини маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ гардидаанд.

Дар ин корхона тавассути хатҳои нави технологӣ, истеҳсоли  2 намуди пойафзоли мавсимӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар бозор талаботи зиёд доранд.

Корхонаи мазкур дар як сол имкон дорад то 366 ҳазор ҷуфт пойафзоли мардона, занона ва кудаконаро бо шаклу андозаҳои гуногун истеҳсол намояд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ояндаи наздик бо ворид ва насби таҷҳизоти ҳозиразамон номгӯй ва ҳаҷми истеҳсоли пояфзолро афзоиш дода, 20 нафари дигарро бо кор таъмин менамоянд.

Бо омодашавии коргоҳи навбатӣ дар марҳилаи дуюм дар маҷмуъ ҳаҷми истеҳсоли пойафзол наздик ба 515 ҳазор ҷуфт ва шумораи коргарон ба 45 нафар расонда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввали корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Сарҷамъ» 1 сол қабл (26 октябри соли 2023) аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида буд.

Лозим ба зикр аст, ки дар кишвар барои дастгирии фаъолияти бахши хусусӣ ва рушди соҳибкории истеҳсолӣ шароити мусоиди корию хизматрасонӣ  мавҷуд аст ва онҳо бо истифода аз ин имконот саҳми худро дар рушди самтҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ мегузоранд.

Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти истеҳсолгардидаи корхона дидан карданд.Аз рӯйи маълумот дар марҳилаи аввал ва дуюми корхона зиёда аз 50 намуди пойафзол истеҳсол карда мешавад.

Пойафзолҳои корхонаи мазкур бо сифати баландаш аллакай дар бозори дохилӣ харидорони зиёд пайдо кардааст.

Ба масъулини соҳа дастур доданд, ки шумораи чунин корхонаҳо ва ҳаҷми истеҳсоли ин ва дигар намуди пойафзол афзун карда шавад, то ки оянда бозори дохилиро бо ин маҳсулот худамон таъмин карда тавонем.

26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ корхонаи «Хишти аввал»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи муосири «Хишти аввал» дар ноҳияи Рӯдакӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръат аз тарафи ҶСП «Корпоратсияи Тоҷвар» бунёд шуда, иқтидори он дар як шабонарӯз 200 ҳазор дона хишт мебошад.

Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншоот дар муҳлати 4 моҳ бо сифати баланду ҷавобгӯи талаботи стандартҳои байналмилалӣ сохта шуда, дар вақти сохтмон сокинони зиёди маҳаллӣ ба кор ҷалб мешуданд.

Корхона дар доираи фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ бо ҳадафи саҳмгузорӣ дар рушди истеҳсолоти ватанӣ ва вусъат бахшидан ба корҳои созандагӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ дар масоҳати 1,7 гектар бунёд гардида, раванди коркарду истеҳсоли маҳсулот дар ин ҷо автоматӣ сурат мегирад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи «Хишти аввал» 50 нафар сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми сармоягузори ватаниро барои бунёди чунин иншооти муҳташами саноатӣ муҳим арзёбӣ карда, ба масъулон супориш доданд, ки бештар ба сифат ва стандарти маҳсулот таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Аз рӯйи маълумот ҳоло дар ноҳияи Рӯдакӣ 25 корхонаи хиштбарорӣ фаъолият доранд.

Дар ин ҷо барои кормандону мутахассисон бинои дуошёнаи маишию хизматрасонӣ бо шароити хуб сохта шудааст, ки дорои ҳуҷраҳои барҳавои корӣ, маҷлисгоҳ ва ошхона мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо раванди фаъолияти корхонаи «Хишти аввал» дар ҳамин ҷо ҳамзамон барои бунёди ду корхонаи дигари саноатӣ оғоз бахшиданд.

Тавре иттилоъ доданд, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти керамзит дар ноҳияи Рӯдакӣ ва корхонаи истеҳсоли хишти пухта дар ноҳияи Данғара аз тарафи ҶСП «Корпаратсияи Тоҷвар» бунёд карда мешавад.

Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти керамзит дар шафати корхонаи «Хишти аввал» бо истифода аз технологияи муосир сохта мешавад, ки пас аз ба кор даровардани он 30 нафари дигар аз мардуми маҳаллӣ соҳиби кор мешаванд.

Ҳоло мувофиқи лоиҳа дар ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ барои бунёди корхонаи нави хишт оғоз гардидааст.

Баъди пурра мавриди истифода қарор гирифтан корхонаи «Хишти Данғара» бо иқтидори истеҳсолии 200 ҳазор дона хишт дар як шабонарӯз фаъолият карда, 50 нафар дар он бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Сокинон ва соҳибкорони ватанӣ дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош мекунанд, ки ба хотири таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тадбирҳои ободониро дар шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъат дода, саҳми худро дар ободонии Ватани азизамон гузоранд. 

 
                                                                                        https://prezident.tj/