Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

НАСБИ ТЕХНИКАИ МУОСИР ДАР ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ПАРВОЗ

НАСБИ ТЕХНИКАИ МУОСИР ДАР ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ПАРВОЗ
350

Чоп кардан

Таҷҳизоти замонавӣ дар таъмини маълумоти дақиқ дар замин ва дар фазо мусоидат намуда, сатҳу сифати хизматрасонии аэронавигатсиониро баланд мебардорад. Бо мақсади мутобиқ намудани фаъолият ва хизматрасонии аэронавигатсионӣ ба талаботи  замони муосир бо ибтикори директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода ҳамкориҳои судманд бо ширкатҳои истеҳсолкунандагони таҷҳизоти радиотехникӣ, метеорологӣ ва системаҳои зарурии соҳа ба роҳ монда шудаистодааст. Инчунин ҳадафи ҳамкориҳои мазкур барои таҷдиди техника, таҷҳизот ва технологияҳои фарсудашуда равона гардида, ин раванд зина ба зина дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб роҳандозӣ мегардад.

Дар робита бо мақсади рафъи камбудиҳои мавҷудаи алоқа дар манораҳои муназзимии филиалҳои корхона дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб системаҳои алоқаи овозии VCS 3020x R8 дар ҳамкори бо ширкати австриягии “Frequentis” насб ва ба истифода дода шуд. Қобили зикр аст, ки низоми VCS3020X аллакай аз соли 2014 дар шаҳри Душанбе ва аз соли 2015 то инҷониб дар шаҳри Хуҷанд истифода мегардад.

Истифодаи системаи мазкур ба мутахассисони “Тоҷикаэронавигатсия” имкон медиҳад, ки сифати таъмини алоқаи заминии аэронавигатсиониро дар ҳудуди кишвар баланд бардоранд.

                                                                               Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”