Рӯзи Авиатсияи Гражданӣ муборак

Рӯзи Авиатсияи Гражданӣ муборак

Ҳамкорон ва ҳампешагони азизу гиромӣ!

Бо камоли эҳтиром якояки Шуморо бо фарорасии 95-солагии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими дил табрику таҳният намуда, бароятон муваффақиятҳои беназири шахсиву ҷамъиятӣ, бурдбориву баракат ва шукӯҳу шаҳомат аз бозёфту дарёфти навин ва дар ин маҷрои пурталотум сабуриву тансиҳатии тамомро таманно дорам!

Итминонамон бар ин аст, ки тавассути ҷидду ҷаҳд ва талошу кўшиш ва ҳамчунин пайгирии амиқи ҳирфавӣ аз пеш беш ба рушду нумӯ ва вусъати қудратҳои корхонаҳоямон ва дар маҷмӯъ обурӯву мартабаи Тоҷикистони азизамон дар миқёси олам хизмат хоҳем кард.

Бошад, ки Истиқлолияти деринтизори мо ҷовидон бошаду халқи азизи кишварамон дар фазои беғубору беолоиши сулҳпарвари ватан ба хушиву саодати беназир расад!

Бароятон, ҳамкорону ҳампешагони азизу гиромӣ, тандурустӣ,  хушдилӣ, завқи созандагӣ ва бозёфтҳои наҷибе хоста, дар муҳити хонаводагӣ оромишу баракат ва дастархони пурғановат орзумандам!

Бо эҳтиром,

Директори генералии

КВД “Тоҷикаэронавигатсия”                               Ашуров Л.Б.