Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ 95-СОЛАГИИ АГ ҶТ ВА РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ 95-СОЛАГИИ АГ ҶТ ВА РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
854

Чоп кардан

Имрӯз дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” маҷлиси тантанавӣ бо иштироки намояндагони Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 95-солагии АГ ҶТ ва Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардид. Маҷлисро Директори генералии корхона Ашуров Л.Б. ҳусни ифтитоҳ бахшида, пасон дар нутқи табрикии хеш коллективи меҳнатиро муборакбод намуд.

Аз ҷумла ӯ ёдовар шуд, ки “Маҳз бо дастгириву ҳамдигарфаҳмӣ ва такя ба ҳам будан имкони бозсозиву пешрафт  ва таҳияву пешкаши хизматрасонии ҷавобгӯи меъёрҳои баланди муосир ноил шуда, тавонистем дар ҷумҳуриву хориҷи он ном барорему чун таъминкунандагони хуби бехатарии парвозҳо ва иродатмандиву оромии муштариёни ватаниву хориҷӣ дар масирҳои осмонии меҳан комёру комгор ва сарфарозу  сарбаланд бошем.

Танҳо дар ҳамин соли сипаришуда хизмату талошҳои аҳли корхона басе назаррас аст. Чуноне шоҳид будед, корхона як зумра таҷҳизотҳои нави аэронавигатсиониро дастрасу насб карда, яке аз бузургтарин иншоотҳои авиатсионии кишвар ва беназири Осиёи Миёна - Манораи муназзимӣ ва инфраструктураи онро бо иштироки Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода супорида, таъмини бехатарии парвозҳоро болотар барад ва дар пешрафти авиатсияи тоҷик боз як қадами бузургу назаррас гузорад.

Илова бар ин, маҳз талошу пайгирии аҳли корхона имкон дод ба болои 11 масири навташкили соли 2018, дар худи ҳамин сол, боз 2 долони навро ба самти Шимолу Шарқ тавассути Афғонистон таҳия, тасдиқ ва ба истифода супорида, барномаи матраҳнамудаи Пешвои муаззамамонро дар самти тавсиъаи  “сиёсати дарҳои кушода” ва “гузариш ба кишвари транзитӣ” то ҳадди имкони вуҷуддоштаи худ мавриди  амал қарор диҳем ва дар ин ҷодаҳо саҳмгузор бошем.

Дар якҷоягӣ, дар партави Истиқлолият ва дастгирии бевоситаи Сарвари муаззами давлатамон тавонистем дар сатҳи олӣ вазифаҳои дар пешгузоштаро иҷро намуда, дар татбиқи маъракаҳои сиёсии давлату ҳукумат саҳмгузор бошем. Дар ин раванд мешавад ҳамчун намуна Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва коршиносони “Евразия”-ро, ки ба ғайр аз роҳбарони муассисаҳои аэронавигатсионии Давлатҳои иттиҳоди муштаракулманофеъ – СНГ инчунин бузургтарин истеҳсолкунандагони таҷҳизоти аэронавигатсионӣ ва муассисаҳои таълимии соҳавиро аз Амрикову Аврупо ба ҳам мепайвандад, номбар кард. Дар ин ҷаласа қариб 100 нафар қариб аз 25 давлат намояндагон иштирок намуда, ба ташкилкунандагон, яъне мо, баҳои ниҳоят баланд дода, тавассути барқияномаву мактубҳои расмӣ миннатдории бепоён ва оид ба дар сатҳи олӣ ташкилу гузаронидани ин ҳамоиш  ибрози назар карданд, ки боиси сарфарози коллективи корхона аст.”

Муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Набизода дар навбати худ дар баробари табрики аҳли корхона, як зумра кормандони фаъолу кордонро  аз номи Агентӣ бо Ифтихорномаву Сипосномаҳо қадрдонӣ кард.

 Пасон сардори  Раёсати кадрҳо ва меҳнати КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Хоҷаев О.Ф. фармони ДГ оид ба қадршиносии як қатор фаъолони истеҳсолот бо мукофотҳои корхонаро ба самъи ҳозирин расонид.