Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ПОСДОРИ АСИЛИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ПОСДОРИ АСИЛИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
583

Чоп кардан

Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 5-уми октябр ҷашн гирифта мешавад, дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ бо ширкати роҳбарият ва кормандони корхона, ҳамзамон шоираи ширинкалом ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ҷавҳари Саидназар доир гардид.

Дар оғоз муовини аввали директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Даврон Шодмонбекзода аз номи директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода ҳозиринро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик намуда, ёдовар шуд, ки “забони адабии тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимаву пурғановати забонҳои дунё ба ҳисоб рафта, бо ин забон дар тули беш аз се ҳазор сол осори фаровону гаронбаҳои илмиву адабӣ, бадеиву таърихӣ офарида шудааст, ки ҳамаи ин навиштаҷот дар хазинаи тамаддуни умумибашарӣ нақши муайян дорад”.

 

Зикр гардид, ки пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ бинобар сабаби ба амал омадани тағйиротҳои куллӣ дар ҳаётии ҷамъиятии халқи тоҷик ва ба даст овардани истиқлоли миллию давлатӣ, гузаштан ба сохтори иқтисодии бозоргонӣ, ба кулли тағйир ёфтани муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ, маданӣ-маишӣ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар зарурияти қабули Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба миён омад. Ин буд, ки 5 октябри соли соли 2009 қонуни нав қабул гардид. Қонуни мазкур бо риояи меъёрҳои мавҷудаи Конститутсияи кишвар вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

    

Сипас мудири бойгонии Раёсати кадрҳо ва меҳнати КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Сарвиноз Зикаева оид ба таърихи ташаккули забони тоҷикӣ дар қарнҳои гузашта ва пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ суханронӣ намуда. “Дар мамлакат якчанд қонун ва қарорҳо оид ба забони тоҷикӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд, ки онҳо мақому манзалати забони тоҷикиро боло бурдаанд”, – зикр намуд дар идомаи суханронии худ Сарвиноз Зикаева.

 

Дар навбати худ Ҷавҳари Саидназар шоира ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон оид ба саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони давлатӣ дар замони истиқлол ёдоварӣ намуд. “Забон бо тафаккур алоқаи бевосита дорад. Ҳар фикре, ки дар зеҳн пайдо мешавад, ба воситаи забон шакл мегирад. Забон ягона восита ва шакли асосии ифодаи фикр аст”, – қайд гардид дар баромади шоира. Қироати шеърҳо дар мавзӯъҳои ватан ва забони тоҷикӣ идомабахши чорабинӣ буд.

    

Ҳамзамон раиси Иттифоқи касабаи КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Исроил Нуралиев ва муовини сардори Маркази таълимии авиатсионии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Аббос Афсаҳзода доир ба мақому манзалати забони давлатӣ дар замони муосир, тарғиби забони давлатӣ байни насли наврас фикру андешаҳои худро изҳор намуданд.

   

Таъкид ба ёдоварист, ки забони тоҷикӣ давоми бештар аз сӣ соли Истиқлоли давлатӣ муҳимтарин омили ваҳдат ва сарҷамъии миллат гардид. Дар мавриди ҳимоя, пуштибонӣ ва рушду густариши забони тоҷикӣ нақш ва мавқеи шахсияти таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургу беназир аст. Маҳз бо шарофати ин марди хирадманду дурандеш силсилаи қонуну қарорҳо оид ба забони тоҷикӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки онҳо мақому манзалати забони тоҷикиро хело боло бурд. Ҳар яки моро зарур аст, ки забони давлатиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Зеро, андеша ва ғояи миллии ҳар як халқ дар забону адабиёт ва фарҳангу ҳунараш ифода ёфта, дар тафаккуру маърифати фарзандони он ташаккул меёбад.

                      

                                                                             Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”