Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

КОНФРОНСИ ТЕХНИКӢ ОИДИ ГУЗАРИШ БА ҶАДВАЛИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОН

КОНФРОНСИ ТЕХНИКӢ ОИДИ ГУЗАРИШ БА ҶАДВАЛИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОН
781

Чоп кардан

27-уми сентябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо иштироки сохторҳои таркибии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Конфронси техникӣ оиди мубодилаи таҷрибаи корӣ, баҳри таъмини бехатарии парвозҳо дар давраи тирамоҳ ва зимистони солҳои 2024-2025, баргузор гардид.

     

Мутахассисон доир ба масоили хизматрасонии барқӣ, техникӣ, метеорологӣ ва дигар хизматрасониҳо, ки дар ҳудуди фурудгоҳ аз ҷониби КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва фурудгоҳи мазкур пешниҳод мегардад, табодули афкор намуданд. Ҳангоми суханронӣ таъкид гардид, ки бинобар сабаби сард шудани ҳаво, фаромадани туман, боришоти борону барф дар ин муддат таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ душвор гардида, масъулияти мутахассиони хизматрасонии иттилоотӣ, техникӣ, метеорологӣ ва дигарон зиёд мегардад. Аз ин лиҳоз ташкил ва гузаронидани чунин вохӯриҳо дар коҳиш додани хатарҳо ва беҳтар гардидани хизматрасонӣ заминаи мусоид мегузорад. Мушкилиҳои ҷойдошта баррасӣ гардида, барои бартараф намудани онҳо ҷораҳои муассир пешниҳод гардид.

Дар қисмати дуюми конфронс, ки бо танзимгарон ва мутахассисони Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” идома ёфт, мутахассисони соҳибтаҷриба доир ба таъсири обу ҳаво ва дигар омилҳои манфӣ ёдовар шуда, аз танзимгарон даъват ба амал оварда шуд, ки ҳангоми иҷроиши вазифаҳои худ зиракӣ, чусту чалокиро аз даст надода, донишу малакаи худро дар сатҳи баланд истифода намоянд.

Бояд қайд намуд, ки дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” омодагӣ барои фаъолияти мунтазаму самаранок дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, тибқи нақша аз 21-уми августи соли 2024 оғоз гардид.

                                                               Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”