Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
597

Чоп кардан

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Сочи ба номи В.И. Севастянов модернизатсияи системаи назоратии видеоии ватанӣ бомуваффақият анҷом ёфт.

***

27-уми сентябри соли 2024 дар Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Тошканд вохӯрии роҳбарияти донишгоҳ ва ширкати “Uzbekistan Airports” баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардида, дар натиҷаи мулоқот Ёддошти тафоҳум байни “Uzbekistan Airports” ва MDIS ба имзо расид.

***

Аз 27-уми декабри соли ҷорӣ ширкати “Air Arabia” парвози мустақимро дар масири Москва - Рас ал-Хайма роҳандозӣ менамояд, ки ҳафтае се маротиба анҷом дода мешавад.

***

Ширкати ҳавопаймоии Беларус “Белавия” парвозро аз Минск ба Мурманск барои зимистон лағв менамояд.

***

Аз 27-уми октябри соли 2024 ширкати “Smartavia” амалиёти худро дар доираи ҷадвали зимистон тавассути терминали D-и фурудгоҳи Шереметево роҳандозӣ менамояд.

***

Аз 25-ум то 28-уми сентябри соли 2024 мутахассисони КВД Маркази “Узаэронавигатсия” дар шаҳри Боку сафари корӣ анҷом дода, бо мутахассисони ширкати “Азераэронавигатсия” (AZANS) табодули таҷриба намуданд.

***

26-уми сентябри соли 2024 ширкати “China Eastern Airlines” аввалин парвози мустақими худро дар масири Шанхай-Венетсия амалӣ намуд.

***

Ширкати “Airbus” аввалин чархболи H175-ро ба нерӯҳои авиатсионии Гуанчжоу (GZP)-и Ҷумҳурии Мардумии Чин интиқол дод.

***

Бо мақсади ба роҳ мондани санҷиши парвози ҳавопаймои барқӣ бо парвозу фуруди вертикалӣ (eVTOL), ки барои ҳолатҳои фавқуллода пешбинӣ гардидааст, ширкати истеҳсолкунандаи техникаи авиатсионии Калифорния “Jump Aero” бо Хадамоти фавқуллодаи Техас ҳамкориро ба роҳ монд.

***

Ширкати “Gulfstream Aerospace” эълон намуд, ки пас аз сертификатсияи ҳавопаймо аз ҷониби Идораи федералии авиатсия (FAA) дар моҳи март беш аз 100 нафар сарнишинон барои парвози ҳавопаймои G700 соҳибихтисос шуданд.

***

Дар доираи васеъ намудани ҳузури худ дар Африқои Ҷанубӣ ва дар доираи Созишнома оид ба мубодилаи рамзҳо бо оператори “Airlink” ширкати “Qantas” парвози ҳавопаймои Airbus A380-и худро дар Африқо роҳандозӣ менамояд.

***

Сармутахассиси бехатарии ширкати “Air New Zealand” Дэвид Морган ҳайати роҳбарияти ширкати ҳавопаймоиро тарк намуд.

***

(Манбаъ: AVIA.RU, Aviation Explorer, Aviation Source News, Simple Flying, Flight Global, https://news.mail.ru/tag/306/, КВД Маркази “Узаэронавигатсия”)