Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАЛАБОТИ РАВОДИД БАРОИ ДОРАНДАГОНИ ШИНОСНОМАҲОИ ДИПЛОМАТӢ ВА ХИЗМАТИРО БЕКОР МЕНАМОЯНД

ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАЛАБОТИ РАВОДИД БАРОИ ДОРАНДАГОНИ ШИНОСНОМАҲОИ ДИПЛОМАТӢ ВА ХИЗМАТИРО БЕКОР МЕНАМОЯНД
677

Чоп кардан

27 сентябр дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар бораи мутақобилан бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ёддошти тафоҳумро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ  Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд ба имзо расониданд.

Дар ҷараёни мулоқот вазирон ҳамчунин як қатор мавзуъҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла масъалаҳои амнияти минтақавӣ, ҳамкории иқтисодӣ ва обу иқлимро матраҳ карданд.