Шӯрои ҳамоҳангсозии «Евразия» дар Душанбе

Шӯрои ҳамоҳангсозии «Евразия» дар Душанбе

Аз 23 то 26 апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеъи Шўрои ҳамоҳангсозӣ ва Гурўҳи коршиносони «Евразия», ки мақомотҳои аэронавигатсионии кишварҳои ИДМ мепайвандад, баргузор гардид.

Муассисони ШҲ «Евразия», ки соли 1999 ташкил ёфтааст, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон буданд. Пасон ба ҳайси аъзои доимии Шўро Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Арманистон ворид шуданд. Ҳамчунин бузургтарин истеҳсолкунандагони таҷҳизоти аэронавигатсионӣ ва марказҳои таълимии соҳавии Россия, Аврупо ва ИМА нозирони доимии ташкилоти мазкур мебошанд. Дар шумули нозирони доимии Шўро ҳамчунин Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ (МАК) ва Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (ИАТА) қарор дорад.

Шўрои ҳамоҳангсозии «Евразия» бо мақсади татбиқи «Консепсияи ҳамоҳангкунии низомҳои миллии ташкили ҳаракати ҳавоии давлатҳои аъзои ИДМ», ки аз тарафи сарони давлатҳои аъзои ШҲ «Евразия» қабул гардидааст, таъсис дода шуда, баҳри таъмини максималии имконпазири дараҷаи ҳамоҳангии стандартҳо ва амалиёти расмиётӣ, ҳамчунин ташкили ҷараёни амалкарди якҷояи низомҳои аэронавигационии миллӣ равона гардидааст.

Ба қатори вазифаҳои асосии ШҲ «Евразия» инҳо дохил мешаванд:

  • ҳамоҳангсозии амалҳои иштирокдорон дар соҳаи ташкили ҷараён ва хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ;

  • такмили амалкарди якҷоя миёни мақомот ва ташкилотҳои ҳаракати ҳавоӣ / ташкилотҳои банақшагирии ҳаракати ҳавоии давлатҳои ҳамҷавор;

  • таҳияву пешкаши чораву тадбирҳои мувофиқашуда оид ба рушди низомҳои аэронавигатсионии миллӣ ба маъмуриятҳои авиатсионии давлатҳо;

  • муайян намудани чораҳо оид ба роҳандозии сиёсати ҳамоҳанг вобаста ба рушди сохтори хатсайрҳои ҳавоии байналмилалӣ;

  • иттилоотонӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи тайёрии касбии ҳайати кормандон ва таъминоти фаннии низомҳои ташкили ҳаракати ҳавоӣ.

Кори ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия Ашуров Лоиқ Бегиҷонович ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба мақсаду маромҳои Шӯро ва ҷаласаи кунунӣ мухтасар иттилоъ дода, ба иштирокдорон фаъолияти босамар хост. Ҳамчунин бо сухани табрикӣ Директори Агентии авиатсияи граждании назди ҲҶТ И.Субҳонзода баромад намуд.

Пасон ДГ КВД Федеролии «Госкорпоратсия оид ба ТҲҲ» Моисеенко И.Н. ба ҳайси Раиси ШҲ «Евразия» барномаи ҷаласаро пешкаш намуда, дар зимн таъкид намуд: «Мо ҳама ташкилотҳои гуногунро намояндагӣ намоем ҳам, вале моро садоқату вафодорӣ ба касб ба ҳам мепайвандад» Ва дар ниҳояти кор бошад, ҳамаамон як мақсад дорем – таъмини бехатарӣ, хушсифатӣ ва босамарии пешкаши хизматҳо ба манфиати баҳрабардорони фазо».

Дар кори ҷаласа ба ҷуз ҳайатҳои корхонаҳои аэронавигатсионӣ намояндагони ширкатҳои машҳури ҷаҳонии  INDRA (Испания), ERA a.s. (Чехия), ҶСП «Пеленг», ҶС «Концерн «МАНС», ҶСП «ВНИИРА-ОВД»,  ҶСК «Азимут», ҶСО «НПО «Алмаз», ГКИ «Корпоратсия  «ТИРА»,ҶСО «Прибой» ҶДММ «Монитор-Софт», ҶДММ «НИТА»ва -и Федератсияи Россия иштирок намуданд.

Ҳамчунин дар ҷаласа намояндагии Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ (МАК), Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (ИАТА), Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), Group EAD Europe S.L. - сохтори Евроконтрол дар соҳаи иттилооти аэронавигатсионӣ, Идораи ҳавонавардии мулкии Ҷумҳурии исломии Афғонистон, провайдери таъминоти аэронавигатсионии «DFS»-и Олмон, Ширкати олмонии «RID», Агентии таҳлилии консултативии “Бехатарии парвозҳо”, Донишкадаи аэронавигатсияи Федератсияи Россия, Маркази омўзишии «Алмонд Тур»-и Ҷумҳурии Чехия ҳузур доштанд.

Масоили аввалиндараҷаи ҷаласаи мазкурро, ба ҷуз ҳисоботҳои инфиродӣ, муҳокимаи ҳуҷҷатҳои оинномавӣ, масоили ташкили  Хадамоти байналмилалии аэронавигатсионӣ–МАС “Восток”, таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ва чанди дигар фаро гирифта, зиёда аз 80 мутахассиси соҳаҳои мухталифи индустрияи аэронавигатсия иштирок варзиданд.

Бино ба гуфтаҳои ишторкчиён бинобар ташкили кори ҳамоиш дар сатҳи олӣ  ҷаласа ба ҳама аҳдофи худ расида, ба натиҷаҳои баланд ноил гардид.