Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ ДУЮМИ PBN

ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ ДУЮМИ PBN
562

Чоп кардан

18-уми сентябри соли 2024 5-умин ҷаласаи Кумитаи муштараки ҳамоҳангсозии “Лоиҳа оид ба рушди иқтидор барои татбиқ намудани PBN (Навигатсия дар асоси хусусиятҳо) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо ширкати роҳбарият ва мутахассисони КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалии (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имаи Сейджу, як зумра мутахассисони агентӣ, ҳамзамон мутахассисони ҷопонӣ, ки ба таври маҷозӣ дар ҷаласа ҳузур доштанд, баргузор гардид.

Дар доираи вохӯрӣ натиҷаҳои татбиқи лоиҳа аз моҳи июли соли 2023 то августи соли 2024 баррасӣ гардида, нақша чорабиниҳои минбаъда то муҳлати анҷом ёфтани татбиқи лоиҳа мувофиқа гардида, муҳлати татбиқи лоиҳаи мазкур тамдиди гардид.

Таъкид ба ёдоварист, ки бо талошҳои пайвастаи директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода бо мақсади мувофиқ намудани сатҳи хизматрасонии аэронавигатсионӣ ба талаботҳои ICAO “Лоиҳа оид ба рушди иқтидор барои татбиқи PBN дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар корхона татбиқ гардид. Имрӯз татбиқи лоиҳаи дуюм идома дошта, он ба такмил додани танзими (конфигуратсияи) фазои ҳавоӣ, рушди дастрасии минтақавӣ ва ҳамгироӣ дар пешниҳоди хизматрасонии аэронавигатсионӣ, беҳтар намудани сатҳи бехатарии парвозҳо ва сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ равона гардидааст.

 

                                                                              Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”