Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

СОЗИШНОМАИ НАВ ОИД БА ТАРТИБОТИ ҲАМКОРИИ ХИЗМАТРАСОНИИ ҲАРАКАТИ ҲАВОӢ

СОЗИШНОМАИ НАВ ОИД БА ТАРТИБОТИ ҲАМКОРИИ ХИЗМАТРАСОНИИ ҲАРАКАТИ ҲАВОӢ
596

Чоп кардан

Дар натиҷаи мулоқоти намояндагони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва роҳбарияти КВД Маркази “Узаэронавигатсия” Протоколи масъалаҳои баррасишуда ва Созишнома оид ба тартиботи ҳамкории минтақаи хизматрасонии ҳаракати ҳавоии Душанбе ва Тошканд ба имзо расид.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин масоили техникии долонҳои нав, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардида дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуқтаи “AGVUT” анҷом меёбад, мавриди баррасӣ қарор доданд. Зикр намудан ба маврид аст, ки долони нави ҳавоӣ аз ҷиҳати сарфаи вақт ва сӯзишворӣ барои истифодабарандагон муфид мебошад.

Дар идома маҳсулоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Системаи автоматикунонидашудаи банақшагирии парвозҳо ва дастовардҳои ноил гардида дар робита бо татбиқи PBN дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Ҳамзамон гурӯҳи корӣ аз Хадамоти иттилоотии аэронавигатсионӣ ва Маркази омӯзишӣ-тамринӣ, ки дар бинои таълимии ширкати “Uzbekistan Airways” ҷойгир мебошад, дидан намуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки бо мақсади татбиқ намудани нақшаҳои мувофиқашуда дар доираи Ёддошти ҳамкорӣ байни КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва КВД Маркази “Узаэронавигатсия” гурӯҳи кории КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуда, бо фаъолияти КВД Маркази “Узаэронавигатсия” аз наздик шинос шуданд.

 

                                                                               Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”