Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ИДОМАИ САФАРИ КОРӢ ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ

ИДОМАИ САФАРИ КОРӢ ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ
447

Чоп кардан

10 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом хатти оби полезии шохоби дарёи Сир барои обёрии 2500 гектар замини деҳаҳои Сомониён, Кӯчкак, Файзбор, Бекобод ва Хамирҷӯйро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти мазкур яке аз бандҳои нақшаи тарҳрезишуда ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ буда, бо мавриди истифода қарор гирифтани он мушкилоти норасоии оби полезӣ дар ин минтақа пурра бартараф гардид.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки пойгоҳи обкашии “Истиқлол” аз 2 хатти оби полезӣ иборат буда, об аз масофаи 9200 метр аз Баҳри тоҷик то заминҳои кишоварзӣ интиқол меёбад.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи пойгоҳи обкашии “Истиқлол” Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ ва бандубаст баҳои баланд доданд. Таъкид карда шуд, ки масъулинро мебояд корро дар самти обёрии заминҳои корам ҷоннок карда, эҳтиёҷоти кишоварзонро хуб ба эътибор гиранд.

Тибқи иттилои Раёсати кишоварзии шаҳри Конибодом, дастрасии бештар ба оби полезӣ имкон хоҳад дод, ки аз ҳисоби заминҳои бекорхобида ва аз гардиши кишоварзӣ бозмонда, майдони заминҳои корам васеъ карда шавад.

Хоҷагидорон ва сокинони шаҳри Конибодом барои ғамхориҳои давлат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ фаъолият карда, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза саҳми муносиб хоҳанд гузошт.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва хоҷагиҳои шаҳри Конибодом боздид намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагидорони шаҳр бо назардошти ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ имсол дар майдони 14 ҳазору 82 гектар кишти баҳорӣ гузарониданд.

Кишоварзон таъкид доштанд, ки ҳар як сухани Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, барои истифодаи ҳар як ваҷаб замин талош менамояд. Ҳамин буд, ки соли равон аҳли заҳмат бо рӯёнидани ҳосили фаровон дар баробари таъмини бозори дохила бо меваю сабзавоти тару тоза, ҳамчунин ба хориҷи кишвар маҳсулот содир намуданд.

Пешвои миллат ба аҳли заҳмат барои саҳми намоёнашон дар таъмини амнияти озуқавории кишвар изҳори сипос намуданд.

Қобил ба зикри хос аст, ки шаҳри Конибодом аз минтақаҳои муҳими аграрии кишвар ба ҳисоб рафта, шуғли асосии мардум кишоварзию чорводорӣ мебошад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Конибодом-Кӯчкак шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки татбиқи лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ ва Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4” моҳи марти соли 2023 оғоз гардида, кор дар 4 минтақаи вилояти Суғд, аз ҷумла, Куруш-Бекобод 12,3 километр, Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров 22 километр, Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз 6,6 километр ва Конибодом-Кӯчкак 10,3 километр, дар маҷмуъ бо дарозии умумии 51,2 километр бомаром идома дорад.

Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти байналмилалии ин роҳ, он аз рӯйи дараҷаи техникии якум ва сеюми роҳсозӣ бунёд карда мешавад. Дар 4 қитъаи навшавандаи роҳҳои мошингарди вилояти Суғд навсозии 11 пул бо дарозии умумии 457,3 метр низ дар назар дошта шудааст.

Маблағгузори лоиҳа Ассотсиатсияи байналмилалии рушди гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ буда, фармоишгар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Сохтмони роҳи мазкурро Ширкати “Роҳи оҳани Чин дар Тоҷикистон-УСЗУЙ” ба уҳда дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи навсозӣ таъкид намуданд, ки роҳи мазкур аҳамияти муҳим дошта, барои боз ҳам баланд гардидани сатҳи некуаҳволии мардум ва рушди иқтисодиёти кишвар заминаи иловагӣ мегузорад. Аз ин рӯ, зарур дониста шуд, ки ба корҳои сохтмонӣ ва истифодаи маҳсулоти босифат диққати ҷиддӣ зоҳир гардад, то ки роҳ мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шавад ва солҳои зиёд ба мардум хизмат намояд.

Бояд ёдовар шуд, ки солҳои пеш ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар ин роҳ бо мушкилӣ сурат мегирифт. Акнун баъди пурра навсозӣ гардидани роҳ, мушкилиҳои чандинсолаи аҳолӣ ҳал гардида, ба ин васила инфрасохтори роҳу нақлиёт бамаротиб беҳтар карда мешавад.

Президенти кишвар зимни суҳбат ба масъулин ва роҳсозон дастур доданд, ки корҳои созандагиро бо масъулияти баланд ва сатҳу сифати хуб иҷро намуда, барои ободӣ ва рушди кишвар саҳми муносиб гузоранд.

Дар навбати худ роҳсозон ба Пешвои миллат ваъда доданд, ки тамоми малакаю маҳорати кории худро истифода намуда, дар бунёди роҳи мазкур, ки аҳамияти митақавӣ дорад, талош хоҳанд кард.

 

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Конибодом коргоҳи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фароғат”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Коргоҳ дар масоҳати 230 метри мураббаъ бо саҳми соҳибкор Рустамзода Фирдавс бунёд шуда, баъди ифтитоҳ 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Коргарон нозукиҳои кор дар дастгоҳҳои истеҳсолиро омӯхта, мустақилона ба тавлиди пояфзоли хушсифат машғул мебошанд. Оянда бо роҳандозии кор дар ду баст шумораи коргарон то ба 45 нафар расонида хоҳад шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити корӣ ва раванди истеҳсолот дар коргоҳ, ба сифати маҳсулот баҳои баланд дода, ба фаъолият пардохтани ин корхонаро дар заминаи хуби рушди саноати сабук дар деҳот арзёбӣ карданд.

Дар коргоҳ 12 дастгоҳи пойафзолдӯзӣ, дастгоҳи гулпартоӣ ва дигар таҷҳизоти лозима аз дастрас ва насб гардидааст. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як моҳ 130 ҷуфт ва дар як сол 50 ҳазор ҷуфт пойафзол пешбинӣ шудааст.

Пойафзоли мардона ва кӯдакона барои хонандагон, номгӯи маҳсулоти коргоҳ мебошад, ки ҳама воридотивазкунанда аст. Маҳсулоти коргоҳ хушсифат ва ба бозори дохилӣ рақобатпазир аст.

Сарвари давлат соҳиби коргоҳро ба зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол ва ҷойҳои корӣ барои аҳолии деҳот ҳидоят намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки барои таъмин намудани бозори дохилӣ бо пойафзоли чармӣ дар кишвар шароиту имконияти мусоид мавҷуд буда, соҳибкорону сармоягузорон бо истифода аз имтиёзу сабукиҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати кишвар коргоҳу корхонаҳои нав таъсис медиҳанд. Анҷоми ин тадбир имкон медиҳад, ки воридоти пойафзол аз хориҷи кишвар коҳиш ёбад.

Баъди ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фароғат” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди истироҳатгоҳи маърифатии физикӣ-математикии назди Муассисаи таълимии махсуси ба номи Очилбой Ҷӯраев, ки дар партави эълони солҳои 2020-2040, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф бунёд мешавад, шинос шуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои дар сатҳи баланду муосир бунёд намудани истироҳатгоҳи мазкур дастуру ҳидоятҳо доданд.

     

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Конибодом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи бандубасти меваи хушки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Неруи Канд”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи мазкур дар доираи татбиқи “Солҳои рушди саноат” ва шарикии давлат бо бахши хусусӣ аз ҷониби соҳибкор Наврӯз Юсуфов дар масоҳати 40 садяк замин бунёд карда шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар корхона моҳи декбари соли 2023 оғоз гардида, бо ҷалби 20 коргар аз сокинони маҳаллӣ дар муддати 9 моҳ бо сифати баланд анҷом ёфтааст.

Баробари ба фаъолият оғоз намудани корхонаи “Неруи Канд” 25 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардид.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки самти фаъолияти корхонаи мазкур коркард ва бандубасти зардолуи хушки бедонак буда, иқтидори истеҳсолиаш ҳазор тонна дар як сол мебошад.

Маводи хом барои корхона аз хоҷагиҳои деҳқонии шаҳрҳои Конибодом, Исфара ва ноҳияи Ашт харидорӣ карда мешавад.

Таҷҳизоти насбгардида маҳсулотро бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ коркард ва банду баст мекунад.

Дар хатти истеҳсолии корхонаи мазкур шустани меваи хушк, ба навъҳо ҷудову коркард ва ниҳоят дар қуттиҳои махсус бастабандӣ кардани он анҷом меёбад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имкониятҳои корхона ба сифати корҳои сохтмонӣ ва нақши он дар таъмини ҷойҳои нави корӣ баҳои баланд доданд.

Дар корхона илова ба бинои он ҳамчунин дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла амбор барои нигоҳдории маҳсулоти хом ва тайёр мавҷуд аст.

Тавре зикр гардид, имтиёзҳои фароҳамгардидаву дастгириҳои давлатӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ соҳибкоронро барои бунёди корхонаҳои саноатӣ ва тадбирҳои созанда ҳавасманд кардааст.

Дар саҳни ҳавлии корхона намунаи молу маҳсулоти ин коргоҳи саноатӣ ба намоиш гузошта шуд.

Соҳаи саноат дар рушди иқтисодиёти миллӣ нақши муассир дошта, таъсиси корхонаҳои нав, муҳайё кардани ҷойҳои корӣ, афзун намудани номгӯи маҳсулоти рақобатпазир ва содироти он ба некуаҳволии мардум мусоидат хоҳад кард.

Мавриди зикр аст, ки бо бунёди корхонаҳои саноатӣ ва истифода аз иқтидорҳои мавҷуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бамаротиб афзоиш ёфта, дар ин замина имконияти зиёд барои рушди минбаъдаи соҳа ба вуҷуд меояд.