Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Наврӯзи оламафрӯз муборак!

Наврӯзи оламафрӯз муборак!
1 004

Чоп кардан

ҲАМДИЁРОНИ ГИРОМИҚАДР!

Иҷозат фармоед бо камоли эҳтиром Шуморо бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз, ки бо иқдоми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳонӣ гардид, шодбош намуда, бароятон шукуфоӣ, дилгармӣ ва болидагиро таманно дорам!

Итминон дорам, ки  бо ҳам якдилу яктан боз ҳам бештар баҳри ободиву осоиш ва гулгулшукуфиву ободонии меҳани азизамон камари ҳиммат мебандем ва барои насли ояндаамон шароити арзанда ва дастёбӣ аз дастовардҳои навини пешрафтаи ҷаҳониро фароҳам месозем.

Бигузор Наврӯзи оламафрӯз барои якояки Шумо кушоиш, сурури рӯҳу равон, хушиҳои рӯзгор, бурдбориву баракат ва садоқату муҳаббату болидагии хонаводагиро арзонӣ дорад!

НАВРӮЗАТОН ФИРӮЗУ ҲАР РӮЗАТОН НАВРӮЗ БОД!


Бо самимият,

Директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

Л.Б.Ашуров