Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Комёбии навбатӣ

Комёбии навбатӣ
1 337

Чоп кардан

03.01.2019 дар толори Маркази идораи ҳаракати ҳавоӣ маҷлиси ҳисоботӣ аз фаъолияти истеҳсоливу хоҷагидории КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар соли 2018 сурат гирифт. Дар ҷаласа ҳайати роҳбарикунанда, намояндагони сохторҳо ва Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии дтректори Агентӣ И.Субҳонзода иштирок намуданд.

Сараввал ДГ КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Л.Б.Ашуров ҳозиринро бо фарорасии Соли Нав табрик намуда, дар ҳама ҷодаҳо барору муваффақият таманно кард. Пасон мухтасари корҳои калидии корхона дар соли сипаришуда арза гардид.

Пасон Ҳусейнов П. – и/в сардори РТҲҲ, Зайдуллоев А. – сардори РТРП АБ, Ахтямова М. – и/в сардори МАМ, Назриев Ҷ.- сармуҳосиб, Хоҷаев Д.Ф. – сардори РКМ роҷеъ ба корҳои анҷомдодаи сохторҳояшон маълумотҳои мукаммал пеш оварда, аз бурду бохти худ дар соли 2018 ҳисобот доданд.

Дар музокирот Субҳонзода И. – директори ААГ НҲҶТ низ баромад намуда, дар баробари баланд баҳогузорӣ кардани фаъолияти корхона дар соли сипаришуда, ба аҳли коллектив ва директори корхона миннатдории Агентиро барои дастовардҳои ниҳоят хуб иброз намуд. Ӯ махсус таъкид намуд, ки КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар системаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона сохторе аст, ки дар ҳама самтҳо – даромад, пешкаши хизматҳо, модернизатсияи таҷҳизоту васоит, ташкили шароити хуби кору истироҳат, иҷроиши амру супоришҳои давлату ҳукумат пешсаф буда, сабақ барои дигарон аст. Хароҷоту пардохтҳои давлатӣ, зина ба зина навсозии таҷҳизот, ташкили гуфтушунидҳо ҷиҳати ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва дар ин росто ташкил ва ба истифода супоридани хатсайру долонҳои нави ҳавоӣ. ташкили курсҳои такмили ихтисос  барои мутахассисон, дастгирӣ аз қишри ниёзманди кишвар боиси таҳсину пайравӣ мебошад. 

 Дар маҷмӯъ ӯ кори коллективро қаноатбахш ва фавъолияти корхонаро намунавӣ арзёбӣ намуда, пешрафти минбаъдаро таманно кард.