Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ТАЪСИСИ СИСТЕМАИ ИТТИЛООТИИ СЕРТИФИКАТСИЯИ ҲАТМИИ НАҚЛИЁТИ ҲАВОӢ ДАР РОССИЯ

ТАЪСИСИ СИСТЕМАИ ИТТИЛООТИИ СЕРТИФИКАТСИЯИ ҲАТМИИ НАҚЛИЁТИ ҲАВОӢ ДАР РОССИЯ
192

Чоп кардан

Думаи давлатии Федератсияи Россия лоиҳаи Қонун дар бораи таъсиси системаи федералии давлатии иттилоотӣ оид ба сертификатсияи ҳатмии тарҳи стандартии техникаи авиатсиониӣ, инчунин фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ, ки ба таҳия ва ё истеҳсоли чунин техника машғул мебошанд, қабул намуд. Тағйирот ба Кодекси ҳавоии Федератсияи Россия ворид карда мешавад, иттилоъ медиҳад ТАСС.

Системаи иттилоотии сертификатсияи ҳатмӣ бо мақсади фароҳам овардан ва автоматикунонии фазои ягонаи иттилоотӣ байни иштирокчиёни сертификатсияи ҳатмӣ, ташаккул, ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ, пешниҳод, ҷойгиркунӣ, истифода ва таҳлили иттилоот дар бораи сертификатсия, сари вақт муайян намудани хавфҳои риоя нагардидани расмиёт (мўҳлати онҳо) ҳангоми гузаронидани сертификатсияи ҳатмӣ ва сари вақт андешидани чораҳо оид ба пешгирии онҳо, муайян ва тасдиқи иштироккунандагони сертификатсияи ҳатмӣ, таъсис дода мешавад.

Қонун инчунин ба Кодекси ҳавоии Федератсияи Россия якчанд мафҳумҳои нав ворид менамояд, аз ҷумла барномаи бехатарии парвозҳо. Сухан оид ба маҷмӯъи қоидаҳо ва тадбирҳо меравад, ки ба беҳтар намудани бехатарии парвозҳо дар авиатсияи гражданӣ нигаронида шудаанд.

Барномаи бехатарии парвозҳо аз ҷониби ҳукумати Федератсияи Россия тасдиқ мегардад. Тибқи қонуни мазкур, ҳукумати Россия ҳамасола чунин барномаро дар асоси натиҷаҳои арзёбии солонаи самаранокии бехатарии парвозҳо аз ҷониби Вазорати нақлиёти Русия тағйир менамояд.

Қайд наудан ба маврид аст, ки Росавиатсия маълумот оид ба хавф ва хатарҳо барои  бехатарии парвозҳои ҳавопаймоҳои гражданӣ ҷамъоварӣ, сабт ва таҳлил намуда, ин маълумотро тибқи стандартҳои Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ нигоҳдорӣ ва мубодила менамояд. Ин маълумотҳо ҳар семоҳа ба Вазорати нақлиёт пешниҳод карда мешаванд.