Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА КОРХОНАҲОИ АВИАТСИОНИИ КИШВАР ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2024

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА КОРХОНАҲОИ АВИАТСИОНИИ КИШВАР ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2024
190

Чоп кардан

10-уми июли соли ҷорӣ ҷаласа оид ба ҷамъбасти фаъолияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои авиатсионии кишвар дар нимсолаи аввали соли 2024 баргузор гардид, ки дар он муовини сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода Маҳмуд, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло, роҳбарони корхонаҳои авиатсионии кишвар ва масъулин ширкат варзиданд, иттилоъ медиҳад Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа масоили беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳои кишвар, сазовор пешвоз гирифтани 33 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои қонунҳои миллӣ ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ҷиҳати эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, дар сатҳи зарурӣ ҷашн гирифтани 100 солагии Рӯзи таъсисёбии авиатсияи миллӣ, нашри китоби ҷашнӣ ва газетаи соҳавӣ, рушди соҳаи авиатсия, дар муддати муқарраршуда таҳия ва пешниҳоди санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, саҳм гузоштан дар ободии Ватан баррасӣ намуда, барои саривақт иҷрои нақшаҳои пешбинӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дар ҳамин замина ёдовар шуд, ки баимзорасии Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни Агентии авиатсияи гражданӣ ва Маъмурияти авиатсияи граждании Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба хизматрасонии алоқаи ҳавоӣ, ки санаи 2-юми июли соли ҷорӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ҷиҳати боз ҳам рушд ва рақобатпазир намудани соҳаи авиатсияи граждании кишвар нақши муҳим мебозад.

             АКС аз  Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон