Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ОМӮЗИШИ НАВ БАРОИ СТЮАРДЕССАҲО

ОМӮЗИШИ НАВ БАРОИ СТЮАРДЕССАҲО
474

Чоп кардан

Ширкати ҳавопаймоии Арабистони Саудӣ “Flynas” дар шоҳигарӣ аввалин барномаи таълимии забони имову ишораро барои роҳбаладон (стюардесса) оғоз намуд, ки маводҳои таълимии барнома тамоми ҷанбаҳои таҷрибаи хизматрасонии парвозро дар бар мегирад. Ташаббуси мазкур аз ҷониби Ассотсиатсияи маҳаллии шахсони дорои нуқсонҳои шунавоӣ дастгирӣ гардид, иттилоъ медиҳад Buying Business Travel Russia.

Ёдовар шуд, ки ширкати “Flynas” бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонӣ бо сайёҳон ва ба роҳ мондани ҳамкории хуб бо онҳо иқдомҳои гуногунро роҳандозӣ менамояд.  

Дар ҳамин замина, ширкат дар оғози соли 2024 омӯзиши кормандони хадамоти заминӣ ва роҳбаладон оид ба муошират бо мусофирони дорои бемории аутизм низ ба роҳ монда буд.