Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
388

Чоп кардан

Аз 1-уми июли соли 2024 мусофироне, ки аз Гуанчжоу, Шенҷен, Чанша, Пекин ё Шанхай Пудун тавассути ширкати “China Southern Airlines” парвоз менамоянд, метавонанд аз хизматрасонии интиқоли бефосилаи бағоҷ истифода баранд.

***

1-уми июли соли ҷорӣ ширкати “China Southern Airlines” Студияи трансформатсияи рақамӣ ва инноватсияро дар Шанхай ифтитоҳ намуд.

***

Барои рушди истеҳсоли таксиҳои ҳавоӣ ширкати “Stellantis” ба ширкати “Archer Aviation Inc” дар ҳаҷми 55 миллион доллари ИМА сармоягузории иловагиро амалӣ менамояд.

***

Ширкати “Air India” дар фурудгоҳи Белораи Амравати калонтарин Маркази омӯзишии халабонҳо дар Осиёи Ҷанубиро таъсис медиҳад.

***

Дар натиҷаи гармии шадид ва коҳиши талабот ширкати “Oman Air” аз 1-ум июл то 26-уми октябри соли 2024 парвозро аз Масква ба пойтахти Уммон Маскат лағв намуд.

***

Дар натиҷаи гузоришҳои сершумор оид ба мушкилӣ бо ниқобҳои оксиген барои мусофирон дар ҳавопаймоҳои Boeing Маъмурияти авиатсияи граждании ИМА санҷиши 2600 ҳавопаймои “Boeing”-ро пешбинӣ менамояд.  

***

8-уми июли соли ҷорӣ тӯфони Берил дар Техас боиси лағви 1354 парвоз ва таъхири 773 парвоз гардид.  

***

Ширкати “Победа” домени худро аз pobeda.aero ба flypobeda.ru иваз намуд.

**

7-уми июли соли ҷорӣ ширкати “AZUR” ҷуғрофияи парвозро ба Туркия васеъ намуда, аз Қазон ба Даламан парвозро оғоз намуд.

**

Ширкатҳои “NordStar Airlines” ва “Red Wings Airlines” ҳамкории худро дар доираи мубодилаи рамзҳо вусъат дода, хариди чиптаҳоро барои масири Екатеринбург - Оренбург – Екатеринбург оғоз намуд.

***

Дар натиҷаи норасоии муваққатии ҳайати ҳавопаймо ширкати ҳавопаймоии Руминия “TAROM” 10 парвози дохиливу байналмилалиро лағв намуд.

***

Олег Сторчевой, раиси Кумитаи байнидавлатии авиатсия гуфт, Эрон ҳамроҳшавӣ ба Созишномаи авиатсияи шаҳрвандӣ ва истифодаи фазои ҳавоиро пешбинӣ менамояд. Ёдовар бояд шуд, ки Созишномаи авиатсияи гражданӣ ва истифодаи фазои ҳавоӣ соли 1991 қабул гардида, аз ҷониби роҳбарони кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина имзо гардида буд.

***

Фурудгоҳи Шереметево дар ҳамкорӣ бо ширкати “Рексофт” дар терминали D системаи интиқоли бағоҷи хориҷиро ба системаи ватанӣ иваз намуд.

**

Пас аз бархурд бо раду барқ мусофирони ширкати “S7”, ки дар масири Новосибирск-Масква парвоз менамуданд, тавассути дигар ҳавопаймо интиқол дода шудаанд.

***

Ширкати “IndiGo” барои харидории 30 ҳавопаймои Airbus A350-900 фармоиш дод.

***

Бо мақсади васеъ намудани хатсайрҳои дохилию байналмилалӣ ширкати “Vietnam Airlines” аввалин ҳавопаймои “Airbus A320neo”-ро дастрас намуд.

***

Аз 9-уми июли соли ҷорӣ ширкати “Armenian Airlines” аз фурудгоҳи Уфа ба пойтахти Ҷумҳурии Арманистон шаҳри Ереван парвозҳои мустақими мунтазамро оғоз менамояд.

***

Дар натиҷаи афзоиши ҳолатҳои турбулентӣ ширкати “Korean Air” аз 1-уми июли соли ҷорӣ як қатор тағйиротҳоро ҳангоми хизматрасонии дохили ҳавопаймо ба роҳ монд.

***

(Манбаъ: AVIA.RU, Aviation Explorer, Aviation Source News, Flight Global, China Southern Airlines, Simple Flying, https://news.mail.ru/tag/306/)