Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

10 БАЛАНДТАРИН МАНОРАҲОИ МУНАЗЗИМӢ ДАР ҶАҲОН

10 БАЛАНДТАРИН МАНОРАҲОИ МУНАЗЗИМӢ ДАР ҶАҲОН
293

Чоп кардан

Манораҳои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ (ATC) дар бар роҳ мондани бехатарӣ ва самаранокии ҳаракати ҳавоӣ дар фазои муайянгардида нақши муҳим мебозанд. Сарфи назар аз системаҳои нави манораҳои дурдаст ва виртуалӣ, баландтарин манораҳои муназзимии идоракунии ҳаракати ҳавоӣ дар ҷаҳон ба инсон ороми мебахшад, зеро шахс боварӣ ҳосил менамояд, ки танзимгарон ба таври маҳаллӣ фаъолият намуда, хатҳои ҳавоӣ ва хатсайрҳои воқеии онҳоро назорат менамоянд.

Танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ ва технологияи пешрафтае, ки дар манораҳои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ истифода мешаванд, ҷузъҳои муҳими саноати авиатсия ба ҳисоб рафта, ба масири бехатар ва боэътимоди парвозҳои мусофирбар ва боркашонӣ тавассути кор дар самти бехатар ва бархӯрд мусоидат мекунанд.

Имрӯз доир ба 10 баландтарин манораҳои муназзимии ҷаҳон суҳбат менамоем.

Яке аз баландтарин манораи муназзими дар Фурудгоҳи байналмилалии Шоҳ Абдулазизи Арабистони Саудӣ ҷойгир буда, баландии он 136 м (446 фут)-ро ташкил медиҳад. Фурудгоҳи мазкур соли 1981 ифтитоҳ гардида. ҳамчун маркази асосии интиқолдиҳандаи Арабистони Саудӣ хизмат мерасонад. Дар доираи лоиҳаи дарозмуддати таҷдид бо арзиши 7,2 миллиард доллари ИМА, ки соли 2001 оғоз шуда буд, сохтмони бинои нав бо баландии 136 метр дар соли 2017 ба анҷом расид. Танҳо дар соли 2023 зиёда аз 7,2023 миллион сайёҳон аз хизматрасонии фурудгоҳ истифода ва 250,000 ҳавопаймо тавассути он ва ё ба парвозҳоро анҷом доданд.

Фурудгоҳи байналмилалии Куала-Лумпур Манораи Ғарбии Малайзия дар рӯйхати мазкур ду бор қайд мегардад. Манораи мазкур, ки 133.8 метр мебошад, нисбат ба манораи Шарқӣ каме баландтар буда, сохтмони он дар соли 2013 бо харҷи 11,6 миллион доллари ИМА ба итмом расид. Манора аз 33 ошёна ва сақф, ки дар он радари ҳаракати замин ҷойгир мебошад, иборат аст. Манораи Ғарбӣ идоракунии ҳаракати ҳавоиро барои Терминали 2 ва хати парвозу фуруди 3 Фурудгоҳи байналмилалии Куала-Лумпур назорат (The West Tower monitors the operation of Air Traffic Control for Kuala Lumpur International Airport Terminal 2 and Runway 3) менамояд. Манораи мазкур ҳамчун манораи эҳтиётӣ дар ҳолатҳои фавқулодда дар Манораи Шарқӣ хизмат мерасонад.

Фурудгоҳи Суварнабхуми Таиланд соли 2006 ифтитоҳ гардида, фурудгоҳи асосии байналмиллалии Бангкоки Таиланд ва инчунин яке аз бузургтарин фурудгоҳҳои байналмилалӣ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва маркази бузурги боркашонии ҳавоӣ мебошад. Дар соли 2023 фурудгоҳ ба 51,7 миллион мусофирон, 307,505 ҳавопаймо хизматрасонӣ намудааст, ки ҳамагӣ 1,137,373 тонна бор тавассути фурудгоҳ гузаронида шудааст. Баландии манораи идоракунии ҳаркати ҳавоии фурудгоҳи мазкур 132,2 м (433,7 фут) буда, дар тӯли 32,4 км2 (8,000 акр) замини фурудгоҳ 360° диданро таъмин мекунад. Он аз ҷониби консорсиуми “Siam Syntech-Unique Engineering and Aviation Radio of Thailand” (Aerothai) таҳия гардида, сохтмони он дар соли 2005 бо сармоягузории 18 миллион доллари ИМА ба итмом расид. Технология ва таҷҳизоти манора аз ҷониби ширкати “Thales” таъмин шудааст.

Баландии Манораи Шарқии Фурудгоҳи Байналмилалии Куала-Лумпур 130 м (426,5 фут) мебошад, ки он чаҳорумин баландтарин дар ҷаҳон аст. Манора дар як соат ба 120 парвоз хизмат мерасонад. Аз толори манораи муназзимии мазкур тамоми дарозии ду хати параллели фурудгоҳ 1 ва 2, ки дарозиашон зиёда аз 4000 метр аст, намоён мебошад.

Фурудгоҳи байналмилалии Шарлотта Дуглас фурудгоҳи асосии тиҷоратӣ ва низомӣ дар минтақаи метрополияи Шарлотта дар Каролинаи Шимолӣ, Иёлоти Муттаҳида Амрико мебошад. Фурудгоҳ соли 1935 ифтитоҳ гардида, ҳамчун як маркази асосии ширкати “American Airlines” хизмат менамояд. Дар соли 2023 фурудгоҳ ба беш аз 53,4 миллион мусофир ва ба 505 589 парвоз хизмат расонид. Баландии манораи муназзимии навтарин дар ин рӯйхат 112,8 м буда, соли 2022 ифтитоҳ шудааст. Дар ҷануби терминал ва иншооти боркашонии ҳавоӣ, дар байни маркази фурудгоҳ ва хати парвозу фуруд ва параллели шарқии он ҷойгир буда, манора бо системаи насли нави нақлиёти ҳавоӣ, назорати автоматии вобастагӣ ва технологияи пахш, системаи ивазкунии терминали автоматикунонии стандартӣ ва системаи электронии пешрафтаи хатти парвозу фуруд муҷаҳҳаз шудааст.  

Фурудгоҳи нисбатан нав, Фурудгоҳи байналмилалии Гуанчжоу Байюн, соли 2004 барои хизматрасонӣ ба Гуанчжоу, маркази музофоти Гуандуни Ҷумҳурии Мардумии Чин сохта ба истифода супорида шуд. Фурудгоҳ ҳамчун маркази асосии ҳавопаймоии ширкати “China Southern Airlines” хизмат мекунад ва дар соли 2023 ба беш аз 63 миллион мусофир ва 38,778 ҳаракати ҳавопаймо хизмат расонидааст. Бо баландии 110 м, манораи муназзимии идоракунии ҳаракати ҳавоӣ дуввумин баландтарин манора дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва нуҳумин балантарин манора дар ҷаҳон мебошад. Аз манора ҳамаи майдони фурудгоҳи ҷануби Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки 15 км2 (3,707 акр)-ро ташкил медиҳад, дидан мумкин аст. Манора бо сармоягузории 8,8 миллион доллари ИМА сохта шуда, тарҳрезӣ ва корҳои муҳандисии он аз ҷониби ширктаи “CPG Consultants” анҷом дода шудааст. Ширкати “URS Greiner Woodward Clyde & Parsons Corporation” пудратчии асосии фурудгоҳ буд.

Фурудгоҳи байналмилалии Қоҳира ба пойтахти Миср хизмат мерасонад ва бузургтарин ва серодамтарин фурудгоҳи Миср ба шумор меравад. Дар соли 2023 манора 26 миллион мусофир ва ҳамагӣ 198,000 ҳавопайморо идора намуд. Ин фурудгоҳ баландтарин манораи муназзимӣ дар Африқо бо баландии 110 м мебошад. Кабинаи манораи идоракунӣ майдони тақрибан 85 м2 ва майдони техникӣ 3,000 м2-ро фаро мегирад. Манораи мазкур соли 2010 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ба маблағи 40 миллион доллари ИМА ба як хати сеюми парвоз дар баробари ду хатти мавҷудаи фурудгоҳ хизмат мерасонад.

Ширкати “Orascom” ба ҳайси пудратчии генералии манора хизмат мекард, OCI Construction Group кори сохтмонро зерпудрат ва ACAMS ҳалли манораро пешниҳод намудааст. ADPi як фаръии Aéroports de Paris тарҳрезии манораро ва Thales системаҳои идоракунии ҳаракати ҳавоиро таъмин намуданд.