Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ҲАМКОРИҲО САМАР МЕОРАНД

ҲАМКОРИҲО САМАР МЕОРАНД
326

Чоп кардан

Бо мақсади ташкил намудани сиёсати ягонаи иқтисодӣ, ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани фаъолияти иқтисодии корхона, шӯъбаи банақшагирӣ-иқтисодӣ корҳои назаррасро ба анҷом мерасонад.  Ҷиҳати рушанӣ андохтан ба дастовардҳои шуъба ва нақши калидиашон  густари фаъолияти   КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо роҳбари шуъба Сангинмурод Нурулоев суҳбате оростем, ки муҳтавои онро ба самъатон мерасонем.      

Сангинмурод Ҳакимовичбобати нақш ва вазифаҳои шуъба чанд сухан мегуфтед.

Вазифаҳои асосии шуъбаи мазкур ин банақшагирии фаъолияти иқтисодии корхона, таҳлили вазъи иқтисодӣ ва ошкор намудани захираҳои моддӣ, додани тавсияҳо ба воҳидҳои сохторӣ ва филиалҳо, ҷамъоварӣ ва коркарди маълумотҳои иқтисодӣ бо истифода аз усулҳои муосир, таҳлили иқтисодӣ ва банақшагирӣ ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, пешбурди корҳои ташкилию методӣ ва ғайраро  дар бар мегирад.

Азрӯи вазифаҳои шӯъба ҳаминро пайхас намудемки дар баробари шӯъбаи муҳосибот ба хароҷот ва баромади корхона шӯъбаи банақшагирӣ иқтисодӣ низ саҳми назаррас дорадБахусус дар ҷалби сармояи хориҷӣДар ин бобат чӣ гуфта метавонедАниқтараш атрофи лоиҳа ва грантҳо.

Қайд кардан бамаврид  аст, ки   дар давоми солҳои 2017 – 2024 дар корхона тавассути ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ 2 лоиҳаи инвеститсионӣ- грантӣ татбиқ гардида, 2 лоиҳаи дигар, яке лоиҳаи грантӣ ва дигаре лоиҳаи қарзию грантӣ дар марҳилаи татбиқшавӣ қарор доранд.

Метавон арз дошт,ки лоиҳаи «Баланд намудани потенсиал дар самти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ» дар КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҳамчун кӯмаки техникии Ҳукумати Ҷопон дар муҳлати 34 моҳ, аз моҳи марти соли 2016 то моҳи декабри соли 2018 мутобиқ ба стандарту тавсияҳои ИКАО дар марҳилаи татбиқшавӣ қарор дошта, ба самтҳои баланд бардоштани  донишҳои мутахассисони Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, дарёфти беҳбуд бахшидан ба хизматрасонии Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, бахусус дар самти низоми идораи бехатарии парвозҳо ва нақшаи корҳо дар вақти рух додани ҳолатҳои фавқулодда, ҳамчунин  беҳбуд бахшидан ба фаъолияти Хадамоти иттилоотии аэронавигатсионӣ  равона гардидааст.

Илова ба ин    лоиҳа ба дастрасӣ аз донишҳои фаннии мутахассисони соҳаи авиатсияи Ҷопон дар дохили КВД «Тоҷикаэронавигатсия», тайёрии касбии мутахассисони корхонаро дар донишкадаҳои таълимии авиатсионии сертификатсияшудаи давлатҳои Малайзия, Олмон, Люксембург, Япония, Федератсияи Россия, Қазоқистон, таълимгоҳи Евроконтрол  ва Маркази иттилоотии аврупоии хизматрасонии идораи аэронавигатсионӣ (ЕАД) таъмин намуд, ки  дар доираи он 168 семинар доир ва 54 нафар мутахассисони корхона  дар донишкадаҳои таълимии авиатсионии сертификатсияшудаи давлатҳои дар боло дарҷгардида таҷриба ва малакаи касбӣ аз бар намуданд.

Амалишавии лоиҳаҳо ба  рушди фаъолияти филиалҳо ҳам таъсир мерасонад? 

Албатта. Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур чорабиниҳо оид ба ҷорӣ намудани низоми умумиҷаҳонии геодезии (WGS - 84) дар фурудгоҳҳои байналмилалии Кӯлоб ва Хуҷанд тадрибгоҳи муназзимӣ барои Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоии корхона, машваратҳои методӣ бо ҷалби корхонаҳои авиатсионии ҷумҳурӣ оид ба ҳолатҳои ногаҳонии қоидавайронкунии хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ амалӣ гардида,  таҷҳизоти муосири «Тадрибгоҳи  муназзимии манора» ба маблағи 350,0 ҳазор доллари ИМА, харидорӣ ва васлу насб мегардад.

Атрофи  лоиҳаи «Азнавсозии системаи аэронавигатсионӣ» чӣ назар доред

Лоиҳаи «Азнавсозии системаи аэронавигатсионӣ» бо ҷалби маблағҳои қарзию грантии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар ҳаҷми то 2,0 млн евро татбиқ гардида, барои сармоягузории хариди таҷҳизотҳои аэронавигатсионӣ масраф мегардадва дар доираи ҳамин лоиҳа 3 адад созишномаҳои грантӣ ба маблағи умумии 715,2 ҳазор евро ба имзо расонида шудаанд, ки метавон дар ин радиф Созишномаи грантии «Дастгирии лоиҳаи «Институтсионалии соҳаи аэронавигатсия ва ҷорӣ намудани системаи автоматиконидашудаи тарроҳии хатсайрҳо дар КВД «Тоҷикаэронавигатсия»-ро, ки  ба маблағи 328,3 ҳазор евро  маблағгузорӣ шудааст, ном бурд.

Баҳри такмил ва густариши соҳаи аэронавигатсионӣ, ҳамчунин бо мақсади  дастгирии амалисозии Созишномаи қарзӣ, ҷиҳати пардохти маблағи хизматрасониҳои машваратӣ ба маблағи 272,6 ҳазор евро ва  барои сармоягузории хариди стансияи авиатсионии метеорологӣ (обуҳавосанҷӣ) бо васли таҷҳизотҳои иловагии мутамарказикунонии идора ва истифодаи низоми «Авимет», барои филиали корхона дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд ба малағи 114,3 ҳазор евро маблағҳои грантии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд низ пешбинӣ гардидаанд.

Дар оянда шуъба чи нақшаҳоро матраҳ намудааст?

-Тоҷикистон гарчанде умри садсола дошта бошад ҳам, ривоҷу равнақ, ободию шукуфоӣ ва дастовардҳои беназири онро мардуми шарифи кишвар дар даврони Истиқлолият, хоса дар даврони роҳбарии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон барало эҳсос намуданд. Истиқлолият ва озодии комил имкон дод, ки корхонаю ташкилотҳо дар ҳамкорӣ бо давлатҳои абарқудрати хориҷӣ созишномаҳо баҳри татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар ба тасвиб расонида, дар ин самт ҷиҳати пешрафти иқтисоди кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд.

Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» низ дар ин давраи сарнавиштсоз  маҳз бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ корҳои бузурги навигатсиониро анҷом дод, ки дар таъмини бехатарии парвозҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, таҳкими иқтидор  ва имконотҳои транзитии фазои ҳавоии кишвар, фароҳам овардани шароити мусоид барои парвозҳои транзитӣ аз масири ҳавоии мамлакат ва бунёди инфрасохтори муосир таъсири амиқи худро мегузорад. 

Татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди иқтидор барои татбиқи низоми ҳавонавардӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҷорӣ намудани PBN)» тасдиқи гуфтаҳои боло мебошад. Лоиҳаи мазкур  аз моҳи октябри соли 2020 тавассути кӯмаки фаннии (техникии) Ҳукумати Ҷопон амалӣ ва  тибқи нақша дар семоҳаи чоруми соли 2024 ба анҷом мерасад. Амалишавии ин лоиҳа низ  ба таъмини бехатарии парвози киштиҳои ҳавопаймоӣ дар хатсайрҳои хизматрасонидашавандаи фазои ҳавоии ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Лоиҳа тибқи тавсияи ИКАО дар ҳаҷми панҷ ҷузъ, татбиқи WJS-84 ва омӯзиши монеаҳо дар асоси системаи геодезӣ, таҳияи тартиби парвоз барои PBN дар марҳилаҳои наздикшави ба нишаст, парвоз ва дар хатсайр,  воситаи автоматии FPD, Хадамоти назорати парвоз ва хариди RAIM, нашри AIP ва шиносоии кормандони РХҲҲ бо PBN (компонент)  таҳия  гардида, масоили зайл мавридӣ амалишавӣ қарор дорад.

Дилпурона метавон иброз намуд, ки лоиҳаи номбаршуда дар баланд бардоштани сатҳи бехатарии парвозҳо тариқи истифодаи якчанд радиф ва истифодаи инфрасохтори навигатсионии рӯизаминӣ ба ҳайси захира,  рушди ҳамоҳанги низомҳои CNS/ATM бо истифода аз технологияҳои навтарини ташкили ҳаракати ҳавоӣ, баланд бардоштани дастрасии аэродромҳо, аз ҷумла дар минтақаҳои кӯҳистон тариқи истифодаи расмиёти фурудоӣ аз рӯи таҷҳизот-APV, ҳифзи муҳити зист аз ҳисоби коҳиш додани партовҳои зараровар ба атмосфера, поён намудани «ифлосшавии садоӣ» (шумовое загрязнение), инчунин, хариди таҷҳизоти муосири “Пулти идоракунии танзимгарӣ”, ҷиҳати мутобиқ намудани хизматрасонии навигатсионӣ ба талаботҳои ICAO нақши назаррас гузошта,  барои расидан ба мақсадҳои манфиатбахш дар фазои ҳавоии кишвар мусоидат хоҳад кард.

Барои ибрози маълумотҳои мушахас ба шумо як ҷаҳон ташаккур.

 

                        Иброҳимзода Муҳаббат

                 Сармутахассиси маркази матбуоти

                     КВД “Тоҷикаэронавигатсия”