Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

МАШҚҲОИ АМАЛӢ ДАР ПЕШГИРИИ СӮХТОР

МАШҚҲОИ АМАЛӢ ДАР ПЕШГИРИИ СӮХТОР
318

Чоп кардан

Тибқи нақшаи чорабиниҳои КВД “Тоҷикаэронавигатсия” оид ба омодагӣ ба мавсими баҳору тобистони соли 2024 бо ибтикори шубаи ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ, мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқуллодаи корхона бо ҷалби намояндагони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Шоҳмансур, Хадамоти дастаи наҷотдиҳии сӯхторхомушкунии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва гуруҳи наҷотдиҳии ёрии таъҷилии фурудгоҳи мазкур машғулиятҳои амалӣ оид ба бехатарӣ аз сӯхтор баргузор гардид.

      

Дар оғоз масъулин атрофи қоидаҳои оташхомушкунӣ, истифодаи воситаҳои аввалиндараҷаи оташнишонӣ ва расонидани кумаки аввалияи тиббӣ бо кормандон ибрози назар намуданд. Сипас тибқи нақша бо истифода аз воситаҳои нақлиёту таҷҳизотҳои оташхомушкунӣ, сӯхтори шартӣ бе паҳншавӣ дар масоҳати аввала хомӯш карда шуд.

Баъдан дар дохили бино ба осебдидагон ёрии аввалияи тиббӣ расонида шуда, онҳо ба ҷои бехавф интиқол дода шуданд.

   

Ҳадафи ташкилу ба роҳ мондани машқҳои амалӣ, пеш аз ҳама сайқал додани маҳорати оташнишонӣ ва омодагии кормандон дар пешгирӣ ва хомуш намудани сӯхтор ва сар задани дигар ҳодисаҳои нохуш мебошад. 

      

Ҳамзамон ёдовар бояд шуд, ки дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” тамоми чораҳои зидди сӯхтор андешида шуда, биноҳо бо таҷҳизотҳои оташхомушкунӣ таъмин, корҳои фаҳмондадиҳӣ низ аз ҷониби масъулон ба кормандон пайваста ба роҳ монда мешавад.

     

                 Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”