Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ФАЪОЛИЯТИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2024

ФАЪОЛИЯТИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2024
254

Чоп кардан

КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар семоҳаи аввали соли 2024 ба 14 300 адад киштиҳои ҳавопаймо хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ пешниҳод намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба андозаи 11% зиёд қайд намуд, директори генералии Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон дар ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолият, ки бо иштироки директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода ва кормандони корхона баргузор гардид.

 

Инчунин гуфта шуд, ки дар натиҷаи барқарор гардидани иҷроиши парвозҳои ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва зиёд гардидани ҷуғрофияи парвозҳо теъдоди парвозҳои транзитӣ дар ин фосила 8 226 ададро ташкил дод, ки 1 283 адад, ё ин ки 18,5% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.

Дар доираи “Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Тоҷикистон то соли 2025”, корхона як қатор чораҳоро амалӣ намуд, аз ҷумла анҷоми насби таҷҳизоти метеорологӣ дар майдони чархболнишини шаҳру ноҳияи Данғара, Мурғоб, Хоруғ, Ванҷ, Ҷиргатол, Панҷакент ва Исфара ва насбу васли мавҷпахшкунамои Rohde&Schwarz – 200 дар филиали корхона дар шаҳри Бохтар барои интишори эъломияҳои АТИС. Ҳамзамон пас аз дастрасии транзисторҳои баландқудрат – 8 дона ҷузъиёти ШИП -2 антеннаи радиолокатори “Корень – АС” аз таъмир гузаронида, дар ҳамкори бо ширкати “ПЕЛЕНГ” ивази манбаи эҳтиётии нерӯи барқи корношоями UPS – 3000 таҷҳизоти КСА “МАСТЕР” ба роҳ монда шуд.

 

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии аэронавигатсионӣ ва вусъат додани ҳамкориҳои судманд бо шарикон роҳбарияти корхона дар Саммити сарони кишварҳои аъзои CANSO “Ҷаҳони фазои ҳавоии Airspace World-2024” дар шаҳри Женеваи Шветсария ширкат ва бо директори генералии CANSO, Саймон Хоканд ва директори минтақавии кишварҳои Аврупоии CANSO хонум Таня Грободек, директори генералии ERA ва якчанд роҳбарони дигари ташкилотҳои аэронавигатсионӣ мулоқоту музокиротҳои судманд баргузор намуданд.

Ҳамзамон баҳри баланд бардоштани донишу малакаи кормандон курсҳои омӯзиши забони англисӣ ташкил гардида, инчунин такмили ихтисоси онҳо дар хориҷи кишвар ба роҳ монда шудааст.

 

Ёдовар бояд гардид, ки омӯзиши сохторҳои фазои ҳавоии кишварҳои наздики баҳри аз навсозии сохтори фазои ҳавоӣ ҳангоми кушодани роҳҳои ҳавоии нав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам аз ҷониби корхона ба роҳ монда шуда, корхона баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати банақшагирию ҳамоҳангсозии истифодаи фазои ҳавои ҷумҳурӣ, қонеъ гардонидани талаботи ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ, таъмини бехатарии парвозҳо, мунтазамии парвозҳои байналхалқию маҳаллӣ ва транзитӣ кӯшиш ба харҷ дода истодааст.

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”