Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО НАМОЯНДАИ ПРОКУРАТУРАИ НАҚЛИЁТИ ТОҶИКИСТОН

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО НАМОЯНДАИ ПРОКУРАТУРАИ НАҚЛИЁТИ ТОҶИКИСТОН
153

Чоп кардан

Санаи 8-уми апрели соли 2024 дар толори КВД “Тоҷикаэронавигатсия” вохӯрии кормандони корхона бо иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи назорати умумии прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 2 Раҳимзода Беҳруз Мирзораҳим доир гардид.

 

Ҷаласаро муовини аввали Директори генералӣ Шодмонбекзода Даврон ифтитоҳ намуда, оид ба равандҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, “сиёсати дугона” нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо ибрози андеша намуд.

 

Сипас иҷрокунандаи вазифа сардори шуъбаи назорати умумии прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 2 Раҳимзода Беҳрӯз Мирзораҳим ба сухан баромада, ёдовар шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба сифати кишвари пешсаф дар самти мубориза бо терроризму экстремизм эътироф гардида, дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок мубориза мебарад. Дар ин робита қабул ва мавриди амал қарор гардидани Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, стратегияҳои миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020 ва 2021 – 2025, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳим аз иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд мебошад.

 

Дар фарҷом даъват ба амал оварда шуд, ки ҳар як фарди ватандўсту ватанпарвар, алалхусус ҷавонон, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанду барои ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии кишвар талош варзанд.

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”