Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

НИЗОМИ РАВОДИД БАРОИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН, КИ БА ТУРКИЯ САФАР МЕНАМОЯНД, АЗ 20 АПРЕЛ ҶОРӢ МЕШАВАД

НИЗОМИ РАВОДИД БАРОИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН, КИ БА ТУРКИЯ САФАР МЕНАМОЯНД, АЗ 20 АПРЕЛ ҶОРӢ МЕШАВАД
95

Чоп кардан

Низоми раводид барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз 20 апрели соли 2024 аз ҷониби Туркия ҷорӣ мешавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар Вазорат  таъкид намуданд, ки ҷониби Ҷумҳурии Туркия 6 апрел ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавассути роҳҳои дипломатӣ расман аз ин тадбир огоҳ намуд.

Аз ин лиҳоз ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки шуруъ аз 20 апрел, пеш аз сафар ба ин кишвар раводид дошта бошанд.     

Қаблан шарҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонистанд бе раводид вориди Туркия шаванд ва 90 рӯз он ҷо бошанд.

                                                   

                                                                 АКС аз манбаъҳои боз