Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ИФТИТОҲИ ХАТСАЙРИ ДУШАНБЕ-ОСТОНА

ИФТИТОҲИ ХАТСАЙРИ ДУШАНБЕ-ОСТОНА
69

Чоп кардан

Санаи 2-юми апрели соли 2024 дар толори Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи хатсайри нави мустақиму мунтазам аз шаҳри Душанбе ба пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Ширкати “Сомон Эйр”, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони корпусҳои дипломотӣ ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок намуданд. Боиси қайди махсус аст, ки хатсайри мазкур барои рушди соҳаи сайёҳии ду кишвари такони ҷиддӣ бахшида, ба сайёҳону ҷаҳонгардон истифодабарии хатсайри Душанбе - Остона ва баръакс Остона - Душанбе, ё ин, ки аз Душанбе ба 11 кишвари дунё ва аз Остона ба 25 кишвари дунё мусоидат менамояд. Бояд тазаккур дод, ки нахустин парвоз аз Душанбе ба Остона санаи 2-юми апрел иҷро гардид ва тавре интизор меравад парвозҳо ҳафтае як маротиба, рузҳои сешанбе анҷом дода мешавад. Аз 19-уми апрел бошад, шумораи парвоҳо аз Душанбе ба Остона то ду парвоз дар як ҳафта - рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа зиёд карда мешавад.

Парвозҳо дар ин масир тариқи ҳавопаймоҳои бароҳати Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 анҷом дода мешаванд.


АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон