Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ОҒОЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ АЭРОНАВИГАТСИОНӢ ТИБҚИ ҶАДВАЛИ БАҲОР-ТОБИСТОНА

ОҒОЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ АЭРОНАВИГАТСИОНӢ ТИБҚИ ҶАДВАЛИ БАҲОР-ТОБИСТОНА
136

Чоп кардан

КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, ки дар пешниҳоди хизматрасонии аэронавигатсионӣ ба ширкатҳои ҳавопаймоии дохилу хориҷӣ кишвар ва таъмини бехатарии парвозҳо муваззаф шудааст, барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ чораҳои зарурӣ меандешад. Дар доираи нақша чорабинии худ аз санаи 27-уми марти соли ҷорӣ КВД “Тоҷикаэронавигатсия” хизматрасонии аэронавигатсиониро тибқи ҷадвали баҳор-тобистона оғоз намуд. Илова ба пешниҳоди хизматрасонии аэронавигатсионӣ ба ширкатҳои ҳавопаймоҳои ватанӣ ва хориҷӣ корхона инчунин дар ифтитоҳи хайтсайрҳои нав низ саҳмгузор мебошад. Яке аз хатсайрҳои нав ин хатсайри Остона-Душанбе-Остона мебошад, ки аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии ватанӣ “Сомон Эйр” аз санаи 2-юми апрели соли равон амалӣ мегардад.

Аз 27-уми март то 26-уми октябри соли ҷорӣ беш аз 60 ширкати ҳавопаймоии дохилӣ ва хориҷӣ нақша доранд, ки дар як ҳафта зиёда аз 900-1000 парвози мусофирбар ва боркашониро тавассути ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳанд.

Ёдовар бояд шуд, ки КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар ин самт талоши ҳамаҷониба дошта, оиди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар қатори кишварҳо нақшаҳои нав тарҳрезӣ менамояд.

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”