Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

JUMBO STAY – ХОСТЕЛ ДАР ҲАВОПАЙМО

JUMBO STAY – ХОСТЕЛ ДАР ҲАВОПАЙМО
103

Чоп кардан

Дар наздикии фурудгоҳи Стокголм-Арланда (Шведсия) хонаҳои иҷоравӣ (хостел)-и ғайриоддии “Jumbo Stay Stockholm” фаъолият менамояд, ки дар ҳавопаймои “Boeing 747-200” сохти соли 1976 ҷойгир карда шудаанд. Ҳавопаймои мазкур пас аз се даҳсола, аниқтараш аз соли 2008 ба хобгоҳи “Jumbo Stay” табдил дода шуд ва айни замон меҳмонон аз тамоми ҷаҳон дар он иқомат менамояд. Дар вақтҳои гуногун тавассути ҳавопаймои мазкур якчанд ширкатҳои ҳавопаймоӣ, аз ҷумла “Singapore Airlines”, “Transjet” ва ҳатто “Pan Am” парвозҳоро амалӣ менамуданд.

Хостели “Jumbo Stay” аз 31 ҳуҷра иборат буда, дар ҳар кадоми он 3-4 кат гузошта шудааст. Ҳамчунин як ҳуҷраи люкс дар кабинаи ҳавопаймо ҷойгир мебошад. Хостел дар як вақт то 79 нафарро қабул карда метавонад. Дар ин ҷо барои меҳмонон қаҳвахона низ мавҷуд буда, ҳамаи ҳуҷраҳо бо интернет пайваст ва хизматрасонӣ ройгон мебошад. 

Ногуфта намонад, ки бо вуҷуди иқомат накардан дар хобгоҳ, меҳмонон метавонанд тавассути “экскурсия” аз манзараи нотакрори ин муҳит лаззат бардоранд.

 

Амсоли хостели мазкур боз дар Коста-Рика Меҳмонхонаи Коста Верде дар ҳавопаймои “Boeing 727” бо айвон, ошхона, мехмонхона ва як-ду хонаи хоб ба меҳмонон хизмат мерасонад. Ҳавопаймои шӯравии ИЛ-18 низ дар Олмони Шарқӣ вазифаи хизматрасониро бо утоқҳои боҳашамат, джакузӣ ва сауна барои ду нафар пешбинӣ шуда, бо технологияҳои муосир барои истироҳати меҳмонон баҷо меорад. Ҳамзамон дар “Woodlyn Park”-и Зеландияи Нав ҳавопаймои боркашонии “Bristol Freighter” бо нигоҳдории аслии худ аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ҳамчун меҳмонхона ба мизоҷон хизматрасонии худро пешниҳод менамояд. Шотландиҳо исбот намуданд, ки ҳама чизро ба меҳмонхона табдил додан мумкин аст, ҳатто чархболро. Дар наздикии деҳаи Торнхилл, дар осоишгоҳи “Mains Farm” тайёраи “Sikorsky S-61 Sea King” ҷойгир аст, ки барои ду нафар калонсол ва се нафар кӯдак метавонад ба роҳат хоб намоянд. Инчунин  “Sikorsky S-61 Sea King” барои иқомат ва истироҳат дигар шароитҳоро низ дорост.

 

                                                              АКС аз манбаъҳои боз