Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ КОРМАНДОН ОИД БА ИСТИФОДАБАРИИ НИЗОМҲОИ МЕТЕОРОЛОГӢ

ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ КОРМАНДОН ОИД БА ИСТИФОДАБАРИИ НИЗОМҲОИ МЕТЕОРОЛОГӢ
150

Чоп кардан

Аз 19-ум то 22-юми марти соли 2024 кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Қосимзода Ҳусейн ва Шарипов Насим техникони гуруҳи хизматрасонии таҷҳизотҳои метеорологии Уқдаи радиолокатсия ва радионавигатсияи Раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионии корхона дар Донишкадаи метеорологияи радарии ҶДММ “ИРАМ”-и ш. Санкт-Петербурги Федератсияи Русия такмили ихтисос намуданд. Дар доираи барномаи “Истифодабарии низомҳои автоматикунонидашудаи метеорологӣ ва пайвасти он бо низоми автоматикунонидашудаи идораи ҳаракати ҳавоӣ” баргузор гардид, мутахассисон донишу малакаи худро дар татбиқи низомҳои мазкур ҳангоми фаъолияти худ сайқал ва мубодилаи таҷриба намуданд.

Омӯзиши курсҳои мазкур барои мутахассисоне пешбинӣ шудааст, ки истифодабарии техникии таҷҳизотҳои метеорологиро таъмин мекунанд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар омӯзиши мазкур зиёда аз 20 нафар мутахассисон аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат намуда, бо шаҳодатномаҳо сарфароз гардиданд.

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”