Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ҶАҲОНИ ФАЗОИ ҲАВОӢ-2024 – AIRSPACE WORLD 2024

ҶАҲОНИ ФАЗОИ ҲАВОӢ-2024 – AIRSPACE WORLD 2024
293

Чоп кардан

19-уми марти соли 2024 дар шаҳри Женеваи Швейтсария чорабинии сатҳи баланди авиатсионӣ “Ҷаҳони фазои ҳавоӣ-2024 – Airspace World 2024” кори худро оғоз намуд, ки дар он 7000 мутахассисони барҷастаи соҳа аз 140 кишвар ширкат доранд. “Airspace World 2024”, ки то санаи 21-уми марти соли 2024 идома меёбад, чорабинии муҳим дар идоракунии ҳаракати ҳавоӣ ва кайҳон дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, дар давоми се рӯзи баргузорӣ ба таъминкунандагони хизматрасонии аэронавигатсионӣ (ANSPs), таъминкунандагон, мутахассисони идоракунии ҳаракати ҳавоӣ (ATM), ихтироъкорони соҳа, истеҳсолкунандагони технологияҳои соҳавии муосир бо мақсади омӯзиш, ҳамкорӣ, мубодила ва тиҷорат дар намоишгоҳ ва конфронсҳои гуногун, имкони мусоид фароҳам меорад.

Ёдовар бояд шуд, ки чорабинии мазкур аз ҷониби Ташкилоти хизматрасониҳои аэронавигатсионии гражданӣ (CANSO) баргузор гардида, барои ташаккул додани дурнамои фазои оянда равона гардидааст.

Дар қатори намояндагони дигар кишварҳо, директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон ба ҳайси муаррифгари КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ҳамчун корхонаи таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати фаъолона дорад.

Ҳадафи ширкат дар ин чорабинии бонуфузи байналмилалӣ табодули таҷриба, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии аэронавигатсионӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо шарикон, дарёфти шарикони нав дар дастрас ва ҷорӣ намудани технология ва системаҳои нави инноватсионӣ дар пешниҳоди хизматрасонии аэронавигатсионӣ, мутобиқ намудани сатҳу сифати фаъолияти корхона ба талаботи байналмилалии соҳа ба ҳисоб меравад.

Дар солҳои охир бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” хизматрасонии аэронавигатсионӣ тавассути дастрас ва насби технология ва системаҳои замонавии соҳа беҳтар гардида, парвозҳо тавассути долонҳои нав ба роҳ монда мешаванд. 

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигасия”