Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ МУБОРАК!

ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ  МУБОРАК!
168

Чоп кардан

                                                                     Айёми баҳор омад, Наврӯз муборак бод,

                                                                     Илҳоми баҳор омад, Наврӯз муборак бод,

                                                                     Кардем видоъ бо дай, нӯшед зи ҷоми май ,

                                                                     Шодӣ ба канор омад, Наврӯз муборак бод .

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёитабор буда, аз қадимулайём дар қатори дигар идҳои мардуми тоҷикзамин, аз ҷумла Меҳргон, Сада ва Тиргон бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешуд. Мафҳуми калимаи Наврӯз аз калимаи тоҷикӣ гирифта шуда, маънои “рӯзи нав”, “тоза”, ”рӯзи нахустин”-ро инъикос намуда,   ҳамчун ифодагари эҳёи табиат пазируфта гардидааст.

Ин ҷашни ҳуҷаста  ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ ё 21-уми марти солшумории мелодӣ рост омада, таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва аз қадимтарин  иди мардуми ориёитабор ба шумор меравад.

Аксарияти сарчашмаҳои таърихӣ пайдоиши Наврӯзро ба давраи ҳукмронии шоҳаншоҳи пешдодӣ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Аз ҷумла Ҳаким Фирдавсӣ дар яке аз бобҳои оғози “Шоҳнома” овардааст, ки Ҷамшед баъд аз поён бахшидани корҳои бузург дар даврони ҳукмронии хеш бо ёрии фарри каёнӣ тахте бисохт ва онро бо дурру гавҳар биёрост ва чун нахустин бор девҳо, ки дар итоати Ҷамшед буданд, тахтро ба дӯш гирифта, аз замин боло шуданд, нури офтоб ба чеҳраи Ҷамшед ва бар тахти ӯ метобид ва инъикос шуда дурахш мекард. Мардум ин ҳодисаро дида, ба ҳайрат афтоданд ва он рӯзро “рӯзи нав” номиданд, ки он ба рӯзи 1-уми моҳи ҳамал. Ба  21-уми моҳи март рост меомад. 

Аз ҳамин сабаб дар адабиёт ва ривоятҳову устураҳои таърихӣ шоҳ Ҷамшедро асосгузори Наврӯз номидаанд. Наврӯз дар фарҳанги мо тоҷикон рӯзи нав, рӯзи шодӣ, рӯзи бахшиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштӣ аст. Тамоми мавҷудоти зинда дар ин вақт дубора эҳё мешаванд.

Омад-омади ин ҷашни бузурги аҷдодиро миллати тоҷик имрӯзҳо бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Ҷашнеро, ки  дорои хусусиятҳои ба худ хос буда, мардуми фарзонаи кишвар пеш аз таҷлили он хонаҳояшонро тоза менамоянд, занҳо ба пӯхтани таомҳои миллӣ машғул мешаванд ва кӯдакони беғам сурудхонон маъраки гулгардониро назди ҳар як хона анҷом медиҳанд.

Яке аз таомҳои миллӣ Суманак,  ки  ифодагари ин ҷашн аст, дар шаби ид бо ҷамъи бонувон ва кӯдакон пухта мешавад.  Назди деги суманак рақсу бозӣ ва гулгардонӣ сурат гирифта, то субҳ он идома меёбад. Пас аз омода шудани таоми миллии рамзӣ,  хурду калон   либосҳои идона ба бар намуда, вориди ҷашнгоҳ мешаванд ва бо нозу неъматҳои “ҳафт сину ҳафт шин” дастархони идона оро медиҳанд.

Наврӯз таърихи тулонӣ дорад ва аз давраҳои қадим мардуми тоҷик онро ҳамчун иди покиву равшанӣ таҷлил менамуд, вале дар ҷаҳонишавии он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми ниҳоят бузург гузошт. Маҳз туфайли   талошҳои ҳамаҷонибаи  ин  фарзанди ватандӯсту арҷгузор, фарзанди поктинату равшанзамири миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуд, ки эҳёи дубора ва нуфузи тоза пайдо кардани он дар ниҳоди мардум бори дигар муҳаббати ногусастаниро нисбати Ватан, Пешво ва Наврӯз афзун намуд.

Баҳори нозанин ва Наврӯзи оламафрӯзро ба кормандони аҳлу тифоқи Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” ва ба тамоми мардуми бофарҳанги кишвар самимона шодбош намуда, таманнои он менамоем, ки баҳори имсола, Наврӯзи некпай ба хонадони кулли мардум барору баракат, саломатӣ, хушбахтию ободӣ ва покиву саодат ҳадя бинмояд.

      Маркази матбуоти 

КВД “Тоҷикаэронавигатсия”