Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ТАТБИҚИ PBN МУСОИДАТ БА РУШДИ ХИЗМАТРАСОНИИ АЭРОНАВИГАТСИОНӢ

ТАТБИҚИ PBN МУСОИДАТ БА РУШДИ ХИЗМАТРАСОНИИ АЭРОНАВИГАТСИОНӢ
155

Чоп кардан

Таъмини бехатарии парвозҳо бо дарназардошти ташкили дурусти фазои ҳавоӣ ва ҳаракати ҳавоӣ вазифаҳои асосии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» мебошад. Бо мақсади мутобиқат ба меъёрҳои муосири аэронавигатсияи байналмилалӣ, баҳри вусъати сатҳу сифати хизматрасонӣ дар корхона тибқи талаботи байналмилалӣ Корхона корҳои назаррасеро анҷом дода, баҳри боз ҳам ҷоннок гардидани фаъолияти худ чораҳои зарурӣ меандешад.  

Низом (система)-и геодезии умумиҷаҳонии WGS-84 – ҷузъи муҳими стандартҳои Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) барои таъмини аэронавигатсияи дақиқ ва бехатар мебошад. Ҳадафи дар таҷрибаи миллӣ ҷорӣ намудани системаи мазкур санаи 2-юми июли соли 2013 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани Низоми умумиҷаҳонии геодезии координати соли 1984 (WGS-84) дар фаъолияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расид, ки дар асосӣ қарори мазкур, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақша чорабиниҳо оид ба ҷорӣ намудани низоми мазкурро тартиб дода, аз ҳисоби мутахассисони вазорат ва корхонаҳои манфиатдори соҳаи авиатсия гурӯҳи корӣ таъсис дода буд.

КВД «Тоҷикаэронавигатсия» бо дарназардошти вазифаҳои нави ба зиммааш гузошташуда дар таҳия, санҷиш ва нашри расмиёти парвоз (схема) нақши ҳалкунанда мебозад. Бо мусоидат ва дастгириҳои бевоситаи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ва дастгирии молиявии Ҳукумати Ҷопон «Лоиҳа оид ба рушди иқтидор дар идоракунии ҳаракати ҳавоӣ» татбиқ гардид. Дар доираи лоиҳаи мазкур соли 2018 мутахассисони корхона аз рӯи барномаҳои таҳиягари расмиёти парвози PANS-OPS ба омӯзиш ҷалб ва дар ҳамкорӣ бо Институти лоиҳакашию тадқиқотии «ФАЗО» дар фурудгоҳи Душанбе тадқиқоти геодезӣ гузаронида шуд. То ба имрӯз дар доираи татбиқи Нақша чорабиниҳо оид ба татбиқи низоми геодезии умумиҷаҳонии WGS-84 дар фурудгоҳҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар корҳои геодезӣ гузаронида шуданд. 

Бо мақсади дар таҷриба амалӣ намудани вазифаҳои ба зимма гузошташуда бо ташаббуси Директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия», Басти коркарди муқаррароти парвозҳо дар соли 2018 ва баъдан, Хадамоти иттилооти аэронавигатсионӣ дар соли 2022 таъсис дода шуд, ки дар ҳалли ин масъалаи мубрам мусоидат намуда истодааст.

Бояд гуфт, ки дар кишвар дар тамоми самтҳо, аз ҷумла дар соҳаи саноат ва илм солҳои охир дигаргуниҳои куллӣ ба миён омаданд, ки аэронавигатсия дар ин ҷода ба он самтҳо шомил аст. Низоми геодезии умумиҷаҳонии WGS-84 заминаи зарурӣ барои татбиқи Навигатсия дар асоси хусусиятҳо - Performance Based Based Navigation (PBN) мебошад, ки афзалиятҳои моҳвораҳои навигатсионии Замин (GPS/GLONASS ва ғайра)-ро истифода мебарад ва имкон медиҳад, ки тартиби парвозҳои муосир, дақиқтар ва бехатар анҷом дода шавад.

Ҳамин тавр, қайд намудан ба маврид аст, ки татбиқи Навигатсия дар асоси хусусиятҳо (PBN) яке аз самтҳои аввалиндараҷаи ИКАО дар таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ буда, ба тамоми ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва мақомоти авиатсияи гражданӣ низ дахл дорад.

Низоми (PBN) – ин як консепсияи нави аэронавигатсионӣ буда, барои такмил додани бехатарӣ, самарабахшӣ ва устувории низоми нақлиёти глобалии ҳавоӣ мебошад. Афзалиятҳои низом (система) ин бехатарии парвозҳо, афзоиши дастрасии фурудгоҳ, коҳиш додани хароҷоти амалиётии инфрасохтор ва партовҳои CO2, баланд бардоштани қобилияти фазои ҳавоӣ, истифодаи беҳтар ва устувории терминали фазои ҳавоӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

Татбиқи WGS-84 ва PBN барои тамоми ҷумҳурӣ лоиҳаи зарурӣ ва муҳим аст, вале он хеле мураккаб буда, маблағгузории ҷиддиро талаб менамояд. Барои татбиқ ва анҷом додани он Корхона барои дастгирии техникӣ ба ташкилотҳои байналмилалӣ муроҷиат намуд. Дар натиҷа, якҷоя бо коршиносони Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) бо дастгирии молиявии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) аз соли 2020 лоиҳаи «Таъмини ташкилии низоми (системаҳои) аэронавигатсионӣ ва ҷорӣ намудани системаҳои автоматикунонидашудаи ҷобаҷогузории хатсайрҳои парвоз» амалӣ гардид. 

Инчунин дар якҷоягӣ бо коршиносони (JICA) ва бо дастгирии молиявии Ҳукумати Ҷопон «Лоиҳа оид ба рушди иқтидор барои татбиқи (PBN) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ карда шуд.

Дар доираи татбиқи лоиҳаҳо дар якҷоягӣ бо коршиносони IATA баҳодиҳии шароити татбиқи PBN гузаронида шуда, хусусиятҳое, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон заруранд, муайян ва қоидаҳои зарурӣ барои татбиқи навигатсия дар асоси хусусиятҳо таҳия шуданд.

Дар ҳоли ҳозир КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар доираи ҳамкории худ бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) лоиҳаи дуюм «Лоиҳа оид ба рушди иқтидор барои татбиқи PBN»-ро амалӣ менамояд, ки он ба такмил додани танзими (конфигуратсияи) фазои ҳавоӣ, рушди дастрасии минтақавӣ ва ҳамгироӣ дар пешниҳоди хизматрасонии аэронавигатсионӣ, беҳтар намудани сатҳи бехатарии парвозҳо ва сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ равона гардида, фаъолиятҳои зеринро дар бар мегирад: дар ҳамкорӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии «Аэрогеодезии Душанбе» гузаронидани тадқиқоти геодезии координатҳои WGS-84-и фурудгоҳи Хуҷанд, таҳияи харитаҳои топографии рақамии фурудгоҳҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва минтақаи иттилоотии парвоз (МИП)-и шаҳри Душанбе дар низоми координатҳои WGS-84; интихоби мутахассисони корхона ва омӯзонидани онҳо оид ба таҳияи расмиёти парвози PBN, инчунин харидории нармафзор барои автоматикунонии коркарди расмиёти парвози PBN «PANDA» аз ширкати «Р.И.С.К», Озарбойҷон.

Дар соли 2024 чорабиниҳои ниҳоӣ ба нақша гирифта шудаанд, ки гузаронидани тасдиқи парвозҳои расмиёти таҳияшудаи парвозро дар бар мегирад. Тасдиқи парвоз бо ширкати PVS aero BV, Netherlands анҷом дода мешавад, ки баъд аз он Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд расмиёти навро тасдиқ намояд ва барои нашри онҳо дар Рӯйхати иттилооти аэронавигатсионии (AIP) Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи минбаъда иҷозат диҳад.

КВД “Тоҷикаэронавигатсия”